2022 | 2023 | 2024 |
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
29 | 30 | 31 | 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 1 | 2 |
Фуруғи субҳи донои китоб аст
Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
25 Сентября 2021 10:09
Количество просмотров: 5258
Санаи 25.09.2021 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи хусусии Кафолат - и ноҳияи Сино озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9,10 ва 11 доир гардид. Озмунро Нуров Маҳмадназар - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагони озмунро барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории озмун бурдбориҳоро таманно намуданд.
Ҳамзамон, дар кори озмун муовини раиси ноҳияи Сино Каримова Ашурбӣ, муовини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатҷон Ғаффорзода, намояндаи Бахши маорифи ноҳия Насриддинова Гулбаҳор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Хонандагони Литсейи Президентӣ дар озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022 дар ноҳияи мазкур баргузор гардида буд иштирок карданд. Нагуфта намонад, ки ҳамасола хонандагони литсей дар ин озмуни мазкур лаёқати баланд нишон дода гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешаванд.