Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

5 ноября 2020 01:11

Количество просмотров: 23099

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи Шумо саломатӣ, хотирҷамъӣ ва тамоми хушиҳои  зиндагиро таманно менамоем.

Воқеан, мардуми моро бахту саодати бузурге насиб шудааст, зеро Конститутсияи мо аз ҷониби коршиносон, ташкилотҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳои умумиҷаҳонӣ чун яке аз конститутсияҳои демократитарини  дунё эътироф шудааст.

Бигузор истиқлолияти ба даст овардаи халқи тоҷик абадан боқӣ монда шаъну шарафи миллати тоҷик дар ҷаҳон ном барорад ва сарбаландиву некномиҳои ҳар як фарди тоҷикистонӣ дар синаҳои мардуми ориф хотираи дурахшонро таҷассум намояд. Албатта яке аз рамзи давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи мо дар асоси рукнҳои он амал менамоянд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо иродаи олии халқи мамлакат қабул гардид, истиқлолияти ба дастомадаро заминаи ҳуқуқӣ бахшид ва дар таърихи давлатдории миллати кӯҳанбунёди мо саҳифаи тоза кушод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намудаанд, ки: «давоми солҳои амали ин санади бақою саодатбахш халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро тибқи ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти худро дар ҳамаи соҳаҳо мушаххас гардонд ва ба дастовардҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардид».

Мардуми сарбаланди кишвар дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо қабул гардидани Конститутсия халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид ва дар кишвари мо кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар карда шуд.   

Тавассути ин дастоварди олӣ миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо кӯшиш менамояд ва рушди давлати миллии хешро ҳадафи асосӣ қарор дода, барои тақвияти он аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебарад.

Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун нерӯи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро мустаҳкам намуда, уҳдадориҳои давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар кардааст.

Итминони комил дорем, ки бо ҳидояту раҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи татбиқи муқаррароти ин санади муҳими тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар дар ҳамдастию ҳамфикрӣ пояҳои давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшида, бобати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ҷаҳду талош мекунанд.

Мо дар ҳамҷоягӣ ва пайравӣ ба гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободии рӯзгорро орзу менамоем!

Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамдиёрони азиз!