Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
1 апр

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям. Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад. Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои с...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
19 мар

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям. Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад. Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инс...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
7 мар

Модарону бонувони гиромӣ! Хоҳарони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст. Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма ме...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
29 янв

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – ҷашни Сада самимона табрик мегӯям. Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо – тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид. Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки з...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 2022
31 дек

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям. Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид. Дар соли 2021 истиқлолияти давлатии тоҷикон, яъне давлати миллии мо сисола шуд ва мардуми шарифи Тоҷикистон ин санаи муқаддасу бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд. ...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
24 ноя

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад. Имсол мо Рӯзи Парчами давлатиро дар соли барои тамоми мардуми Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сисолагии истиқлолу озодии Ватанамон таҷлил мекунем. Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ зери ...

ПАЁМИ шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
5 ноя

Ҳамватанони азиз! Қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол мебошад. Ҳамаи мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда самимона табрик мегӯям ва ба хурду бузурги кишвар иқболи нек ва зиндагии босаодат орзу менамоям. Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол ин санаи таърихӣ, яъне 6-уми ноябрро бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ ҷашн мегир...

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
15 окт

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст. Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ...

Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 окт

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа дар тамоми самтҳои ҳаёт, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати давлатии забон, яъне пешрафти он ва ба таври куллӣ вусъат гирифтани доираи истифодаи забони шоиронаи тоҷикӣ гардидаанд. Маҳз...

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр
12 мая

Ҳамватанони гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям. Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расониданд ва бовар дорам, ки дар кишвар барои ҳосили фаровон заминаи устувор гузошта шуд. Мардуми мо дар арафа ва рӯзи иди мубораки Фитр ба зиёрати падару модарони худ, аёдати беморону азодорон мераванд, дар ҳаққи...