Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
JavaScript - Как сделать слайдер для сайта
БОДУ ҲАВО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳаво ва гармӣ
Без названия.png

ТАҚВИМИ РӮЙДОДҲО

2055 2056 2057
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
27 28 29 30 31 1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31 1 2 3 4 5 6

Фуруғи субҳи донои китоб аст 

furugi-subhi-donoi.png

Кушодашавии бинои нави иловагӣ ва хобгоҳи Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР» СОЛҲОИ 2018-2028"

300x200_vegigewny1b.gif

Пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қатъномаи МУ СММ аз 21 декабри соли 2016 пазируфта шуд..
22222-1.jpg

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

2021-2040.jpg

Хабарҳо

Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ашёи таърихӣ харид намуд

Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона ду ёдгории таърихӣ-лаълии мисӣ ва тӯмор (бозубанд) харидорӣ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Бино ба иттилои манбаъ, осорхонаи мазкур ин ёдгориҳои таърихиро дар рӯзҳои аввали сол  харидорӣ намудааст. Лаълии мисӣ байзашакл б...

Дар Маркази миллии тестӣ омӯзиши курсҳои шиносоии низоми ИМД барои соли 2020 оғоз гардид

Аз 20 то 22 январ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  омӯзиши курсҳои  шиносоии низоми  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД)  бо иштироки намояндагони сарраёсати шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷ...

Минбаъд ҳамаи кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида мешаванд

Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави мамлакат ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, дастур доданд, ки: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таъл...

Дилафрӯз Каримова беҳтарин омӯзгори Тоҷикистон дар соли 2019 эълон гардид

Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидмуҳаммад Изатуллозода хабар дод. Ба иттилои мавсуф, 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии То...

Масъалаҳои тақвияти ҳамкории соҳавӣ байни китобхонаҳои Украина ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ шуданд

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва К...

Хонандагони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 12 медал гардиданд

Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста шир...

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Литсейи ҳарбӣ китобҳои гуногунмазмун тақдим намуд

Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 адад китоби гуногунмазмунро ба муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳал иттилоъ доданд, китобҳои тақдимгардида аз «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Ваҳдатнома», «Ваҳдат ва Истиқлолият қисми II», «Ваҳдат зевари давлати миллӣ қисми III», «Ҳафтхони Темурмалик», «Шуҷоати Спитамен», «Тулӯи Ҳақиқат» ва «Тиллои Тоҷики...

Дар Душанбе «Китоби роҳ ва фазилат»-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд

15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири  машҳури Чини қадим  Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб  Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст. ...

Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд

Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои ...

Асосгузори мактаби илмии физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо дар Тоҷикистон 80-сола шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи илмҳои таб...