01.06.2021
Количество просмотров: 11003
Дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии назди Литсей-интернати президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона Роҳбарияти муассиса Ғайратзода Лайло Диловар, Роҳбари шурои методии Литсей Назирзода Маҳмадсаид Мадисайн ва омузгорон иштирок намуда, нахуст аз маҳсули дастовардҳои кӯдакони муассиса дидан намуда, ҳамаи онҳоро ба Рӯзи кӯдакон табрик карданд. Баъд аз он дар саҳни бинои асосии Литсей чорабинии фарҳанги бадеӣ дар сатҳи баланд доир гардид, ки хонандагони фаъоли литсей шеъру сурудҳои худро пешкаши ҳозирин гардонида хотири онҳоро шод гардониданд.
Макони баргузорӣ: Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе