Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2013 2014 2015
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Чорабиниҳо

"ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ"
29.02.2020

Таҳти ин шиор дар асоси дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва машқҳои пагоҳирӯзӣ субҳи рӯзи шанбе қабл аз оғози машғулиятҳои таълимӣ дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 5-11 машқҳои пагоҳирӯзӣ доир гардид, ки ин чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич&nb...

ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА ҲАФТАИ ФАННИ ХИМИЯ
27.02.2020

Тибқи нақшаи моҳонаи литсей бахшида ба ҳафтаи фанни химия дар толори маҷлисгоҳ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Хонандагони литсей маҳорати эҷодии худро дар ҳафтаи фаннии химия хеле хуб нишон дода аз ширинӣ элементҳои химиявӣ омода намуданд, инчунин аъзоёни маҳфили дастони моҳир дар нақшу нигор элементҳои химиявиро инъикос намуданд.

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
22.02.2020

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-бадеӣ доир гардид.  Ҷонишини директор оид ба тарбия Элчибеков Асомиддин Маҳмаднабиевич аз таърих ва роҳи тайинамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои ...

БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
21.02.2020

20.02.2020. ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ "ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" БАХШИДА БА 27-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЧОРАБИНИҲОИ ВАРЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИД. ИН ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШӢ БО ТАШАББУСИ ОМӮЗГОРОНИ ФАННИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАД. ТИБҚИ НАҚША ДАР ИН МУСОБИҚА ДАСТАҲО АЗ СИНФҲОИ 8 ТО 11 ҲУҚУҚИ ИШТИРОКРО ДОРАНД. НОГУФТА НАМОНАД, КИ ДАР ҶАМЪБАСТИ ИН МУСОБИҚА ҒОЛИБОНРО ИФТИХОРНОМА ВА ТУҲФАҲОИ ХОТИРАВӢ ИНТИЗОР АСТ.

Шанбегии дастаҷамъонаи кормандони хобгоҳ
09.02.2020

08.02.2020. Шанбегии дастаҷамъонаи кормандон, омӯзгорон ва хонандагон дар хобгоҳи муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ин рӯз аҳли кормандон барои тоза кардани ҷуйборҳо, тоза намудани гирду атрофи хобгоҳ, нарм кардани бехи дарахтон, шинонидани гулҳои мавсимӣ, фаъолона иштирок намудан.

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада
30.01.2020

30.01.2020 Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони...

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23.11.2019

     Санаи 23-юми ноябри соли 2019 дар Литсей-интернати Президентӣбарои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Сараввал чорабиниро ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Асомиддин Элчибеков ҳусни оғоз бахшид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон, омӯзгорон, хонандагон ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ханандагони синфи 10 бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳ...

Ба ифтихори рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
16.11.2019

    Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 2019 дар Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Чорабинии идона аз ҷамъомади пагоҳирӯзи шуруъ шуда хонандагони муассисаи таълимӣ баромадҳои хешро пешкаши ҳозирин намуданд. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи-илмӣ назариявӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинии бошукуҳ нависандаи халқӣ...

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.11.2019

   Аз 1-ум то 4-уми ноябри соли 2019 бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Литсейи 1-и шаҳри Душанбе мусобиқаи мактаби варзиши рақами 5 намуди БАСКЕТБОЛ миёни наврасони сину соли 2006-2008 баргузор гардид. Дар ин чорабини дастаи баскетболбозони литсей-интернати президенти барои кӯдакони болёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Дар анҷоми чорабини ғолибон бо медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.           &...

Қабули хонандагон ба созмони хонандагон дар соли таҳсили 2018-2019
10.09.2019

Қабули хонандагон ба созмони хонандагон дар соли таҳсили 2018-2019


Афиша 61 - 70 из 74
Начало | Пред. | 4 5 6 7 8 | След. | Конец