Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:

Чорабини

Ҳаёти литсей

 


 Тақвими руйдодҳо 
2023 2024 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада

Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни Сада

30.01.2020

Количество просмотров: 23874

30.01.2020 Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд.

Ҷашнҳои Ялдо, Сада ва Наврӯзу Меҳргон таърихи дуру дароз доранд. Сарчашмаи пайдоиши онҳо ба зиндагии ҳаррӯза, ҳар ҳафта, ҳармоҳа ва ҳарсолаи мардум пайваст буда, дар асл ҳисоби замони кишту кору чорводориро фаро мегиранд. Яъне одамони замони қадим чор унсури зиндагӣ- об, ҳаво, хок, оташро гиромӣ медоштанд. Яке аз онҳо- оташ, ҳамчунин хуршеду равшании он барои рӯзгузаронии мардум бисёр муҳим буд. Ҳамаи ин ҷашнҳо аз устура, шеър ва ривоятҳои гузаштагон сарчашма гирифтаанд.      

Тавре дар сарчашмаҳо омадааст, яке аз суннатҳои Сада- ин дастурхони ҷашнист. Тибқи оини аҷдодӣ,  дар ин ҷашн бештари донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин ғизо  — мошкичирӣ, лӯбию нахудшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширруған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра омода мегардиданд. Ғизоҳои ҷашнӣ, ба мисли қурутоб, умоч, далда, кашк дар ин рӯз муҳим ба ҳисоб мераванд, зеро аз рӯи миҷоз гарманд. Ҳамзамон хони ҷашниро бо чапотӣ, кулча, фатир, қалама, орзуқ ва себ, тарбузу ангур оро медиҳанд.

Тибқи нигоштаи Абурайҳони Берунӣ, мардум ба муносибати «аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон» оташ афрӯхта, Садаро ҷашн мегирифтанд, хушбӯиҳо бухор мекарданд, то аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад. Яке аз вижагиҳои ҷашни Сада ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта аз рӯйи анъана барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд, то зудтар оташ афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.

Дар муассисаи таълимии давлатии литсей-интернати президентӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Сада баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Элчибеков Асомиддин суханронӣ намуда ҳозиринро ба ин ҷашни миллӣ табрику таҳният намуданд.

83545794_139996467469597_905915053490831360_n.jpg

Макони баргузорӣ: Литсей-интернати президентӣ