Зимистон миёни фаслҳои сол шояд аз ҷиҳати иду ҷашнҳо ва санаҳои ёдкард дар ҷои аввал қарор дошта бошад: Рузи байналмилалии ҳуқуқи инсон, Рӯзҳои умумиҷаҳонии кино, телевизиони кӯдакон, эскимо, мубориза бо СПИД, мубориза бо коррупсия, мубориза бо саратон, Соли нав, ҷашни Сада… Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди касбии кормандони соҳаҳои молия, энергетика, авиатсияи гражданӣ, гумрук, мақомоти прокуратура, амнияти миллии кишварамон низ ба фасли зимистон рост меоя...
«Шоистаи ибрат ва ифтихори миллии мо, тоҷикон он аст, ки тозатарин ташаббус ва саҳифаи нави эҳёи арҷгузорӣ ба китоб ва тақдими китоб дар дунёи мутамаддини имрӯз ба Пешвои миллати мо, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Пешвои миллати тоҷикон дар Паёми навини худ манзур доштанд, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо теъдоди миллионҳо нусха интишор дода, аз номи худ ба ҳар хонадони аҳолии мамлакат тақдим медоранд. Ин падидаи беназиру бесобиқа дар таърих аст, ки аз арҷг...
Муаллифи ин китоб пажӯҳишгари тоҷик Саидраҳмон Саидов аст ва он аввали соли равон интишор ёфтааст. Китоб барои омўзгорону магистрҳо ва донишҷўёни факултаҳои филологӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ихтисосҳои омўзгории донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои омўзгории ҷўмҳурӣ,таҳсилоти ибтидоӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, мухлисону ҳаводорони адабиёти тоҷик тавсия дода шудааст. Дар пешгуфтор муаллиф навиштааст: “Нахустин китоби бадеӣ барои кўдакони тоҷик бо унвони «Таронаи бачаҳо» соли 192...
Китоби нави Адиби табиатшиноси тоҷик Маҷид Салим бо ҳамин ном аз чоп баромад, ки маҷмӯи ҳикояҳои тозаи нависандаро дар бар гирифтааст. Хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ошноӣ доранд. Фароштурук парандаи хурди тезпарвоз буда, болҳои тез ва думи дарози қайчимонанд дорад. Дарозии бадани ин паранда 14-19 см, паҳноии болҳояш то 30 сантиметрро ташкил дода, 17-20 грамм вазн дорад. Ба оилаи фароштурукҳо ва қатори гунҷишкшаклон...
Ин суҳбати ихтисосӣ Бо Азизи Азиз-яке аз адибони маъруфи бачаҳо чор сол пеш доир ва дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” чоп шуда буд. Субҳи имрӯз паём аз зодрӯзи адиби маъруф расид. Мусоҳибаро бори дигар хондам ва онро боз ҳам дархури рӯз ёфтам. Басо нуқтаҳои ҷолибе дорад ин суҳбат, ки хондани он талафи беҳудаи вақт нахоҳад буд. Мушкили имрӯзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон ва минтақа, роҳу шеваҳои ҷалби атфол ба китоб ва нақши волидон дар ин бора. Азизи Азиз дар ин мавзӯъҳо дидгоҳҳои худро дорад, ки куллан дар ин мусоҳиба ом...
Имсол барои Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои Шоҳҷоизаи озмун 70 000 сомонӣ муқаррар шудааст. Озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал соли 2019 баргузор шуд. Он аз рӯи панҷ номинатси я- оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ доир гардида, Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ муқаррар шуда буд. ...
Устоди шодравон Сотим Улуғдода аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар мебошад, ки бо повесту роман, ҳикояву асарҳои саҳнавии худ шуҳрат ёфтааст. Адиби нуктасанҷу донишманд омӯзиши таърих ва гузаштаи пурифтихори миллатро ба як бахши муҳими эҷодиёти худ қарор дода буд. Ин асарҳо имрӯз бидуни шак ганҷинаи прубаҳои адабиёти муосиранд ва вуҷудашон ин сарватро ғанитар кардааст. «Аҳмади Дониш», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Субҳи ҷавонии мо», «Ёрони боҳиммат” барин қисса...
Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст, хабар дод дирӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Хонандагон дар бештар аз як моҳ зиёдтар аз ҳама китобҳои классикони адабиёти тоҷик ва ад...
Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими сайёра: Об сарчашмаи ҳаёти инсонӣ» китоби илмӣ ба нашр расид. Китоби мазкур аз натиҷаи Конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Алмаато доир гардид, ба табъ расида, дар он маҷмӯи мақолаҳои илмии олимон ва муҳаққиқони тоҷику қазоқ оид ба ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, сол...
12 сентябри соли 2020 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ&n...