Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаҳои маориф ва илм! Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.  Дар кишвари маҳбуби мо, ки маориф соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад, омӯзгор мақому манзалати воло ва ифтихорӣ дорад. Бояд гуфт, ки мардуми мо табиатан ба омӯзгор арҷгузоранд, ӯро самимона эҳтиром мекунанд, зеро омӯзгор равшангари дилҳо, машъалафрӯз ва парчамбар...

Озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2021-2022

Санаи 25.09.2021 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Гимназияи хусусии Кафолат - и ноҳияи Сино озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони синфҳои 9,10 ва 11  доир гардид. Озмунро Нуров Маҳмадназар - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагони озмунро барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории озмун бурдбориҳоро таманно намуданд. ...

«ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД…». Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ — падари шеъри форсӣ таҷлил мешавад

22 сентябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Бояд тазаккур дод, ки аз соли 2012 инҷониб бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Мавриди зикр аст, ки Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ асосгузори адабиёти классикии тоҷик маҳсуб ёфта, ҳамчун нобиғаи беназири таърихи миллати тоҷик шинохта шудааст. Муҳимтарин хидмати ин абармарди адабиёт бо осори бебаҳояш он аст, ки дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ ва ҳифзи он хидмати...

Суханронӣ ба ифтихори 30-солагии истиқлоли давлатӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ – ҷашни бузургтарину муқаддастарини миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон самимона табрик мегӯям. Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорам, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми сокинони мамлакат чанд рӯз инҷониб дар фазои сулҳу субот, бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва қаноатмандиву шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил карда истодаанд. И...

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони гиромӣ, устодон, омӯзгорон, шогирдон ва падару модарони арҷманд! Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Дар ин лаҳзаҳои пурнишоту фараҳбахш ва пурифтихор бо камоли хушнудӣ ҳамаи Шумо ва дар симои шумо кулли ҳамватанони азизро ба муносибати фаро расидани 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда...

Таҳсили босифат ва муҳити бехатар

Тахсили босифат ва муҳити бехатар дар синфхона ва ҳудуди муассисаи таълимӣ: Ҳангоми наздикӣ ба одамон ниқобро пӯшида истед Ҳангоми танаффус нигоҳ доштани фосиларо аз ҳамсинфон фаромӯш накунед Обро дар зарфи фардӣ бо худ гиред ва танҳо аз он нӯшед Лавозимоти мактабии дигаронро истифода набаред Барои ҳамсолони худ дар риояи қоидаҳои беҳдоштӣ намуна бошед

Паёми табрикии роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш

Хонандагон устодон ва омӯзгорони муҳтарам! Инак, ба сарзамини Тоҷикистони маҳбуби мо дар арафаи Ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз соли нави хониш қадам мегузорад. Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи ҳукумати кишвар ба аҳли илму маориф мебошад. Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону омӯзгорон, падару модарон, аҳли илму маориф, ку...

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бахшида ба Рӯзи дониш

Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар! Устодону донишҷӯён ва хонандагони азиз! Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони маҳбуб, дар нахустрӯзи соли нави таҳсил – 1 сентябр, Рӯзи дониш таҷлил ва Дарси сулҳ доир мешавад, ки ин сана барои тамоми донишандӯзон басо рамзист, зеро муҳимтарин ҳадафи таҳсил андӯхтани илму дониш аст.  Таҷлили имсолаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ барои тамоми аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла хонандагону омӯзгорон ва донишҷӯёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳ...

ХАЙР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ МАН!

ХАЙР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ МАН! Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти томактабии назди литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори аввал 100 нафар тарбиятгирандагон хатм намуда, имтиҳони қабул ба синфи якумро супориданд. Бояд қайд намуд, ки боз муассиса омода аст, ки кӯдакони соли таваллудашон 2015-2016-ро барои таҳсил қабул намояд. БАРОИ МАЪЛУМОТИ БЕШТАР БА РАҚАМҲОИ 235-68-24 МУРОҶИАТ НАМОЕД.

116 МЕДАЛ ВА 31 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶАҲОНӢ ДАР СОЛИ ТАҲСИЛИ 2020-2021

Дар соли 2021 хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар олимпиадаҳои ҷаҳонии сатҳи олидоштаи фаннӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ (3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ) ва 1 ифтихорнома  гардиданд.  Яке аз ин олимпиадаҳо Олимпиадаи байналмилалӣ «IMO-2021» аз фанни математика мебошад, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо иштироки 110 давлат сурат гирифт. Дар олимпиадаи мазкур дастаи мунтахаб...