Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ШАВҚУ ҲАВАСИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БА ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ЗИЁД МЕГАРДАД...

29 декабря 2020 09:12

Количество просмотров: 11488

Ҳамин аст, ки баъд аз талошҳои тӯлонии роҳбарият ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ натиҷаи дилхоҳ аз фанни математика ба даст омад. Олимпиадаи фосилавии байналмилалӣ аз фанни математика bricsmath-2020 яке аз олимпиадаҳои машҳур ва бо нуфуз мебошад, ки дар ин олимпиада хонандагони синфҳои 1-11 иштирок карда метавонанд. Соли ҷорӣ дар ин олимпиадаи бонуфуз намояндагони беш аз 7 мамлакат аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Бразилия, Ҳиндустон Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ғайраҳо ширкат намуданд.
Наврасони Тоҷикистон бори нахуст дар ин олимпиада ширкат намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин олимпиадаи фосилавӣ наврасони муассисаи таълимӣ 37 нафар соҳиби дипломи ғолибият, 13 нафар ифтихорномаи фахрӣ ва 6 нафар соҳиби сертификати иштирокчӣ гардиданд.