Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ашёи таърихӣ харид намуд

20 января 2020 04:01

Количество просмотров: 33669

Бахшида ба 5500-солагии Саразми бостонӣ Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона ду ёдгории таърихӣ-лаълии мисӣ ва тӯмор (бозубанд) харидорӣ намуд.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, осорхонаи мазкур ин ёдгориҳои таърихиро дар рӯзҳои аввали сол  харидорӣ намудааст.

Лаълии мисӣ байзашакл буда, маркази он бо нақшҳои зооморфӣ оро дода шудааст. Дар дохили он 8 адад ҳайвони дарранда тасвир ёфтаанд. Дар гирди лаълӣ нақшаҳои хати рост, даврача, ислимӣ, дандона ва нуқта акс ёфтаанд. Лаби лаълӣ аз қисми марказаш каме баландтар сохта шуда, ду паҳлӯи он даста дорад.

Ҳамчунин кормандони осорхона тӯмор (бозубанд)-еро харидорӣ намуданд, ки он аз маводи нуқра ба шакли найча сохта шуда, аз ду тараф сӯрохӣ ва ду сарпӯши қуббамонанд дорад.

Сохти ин бозёфтҳои таърихӣ тахминан ба нимаи дуюми асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мансубият дорад.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз намуда, ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем.

Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» фаъолияти худро ба ҳамин мақсад равона намуда, барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона дар оянда низ ҷамъоварӣ ва хариди ашёи таърихиро ба роҳ мемонад.

АМИТ «Ховар»⁠ 9.png