Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






«Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»-таҳти ин ном дар Душанбе Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ доир мегардад

21 января 2020 10:01

Количество просмотров: 21167

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» дуюмин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷиро доир менамояд.

Ба иттилои шуъбаи матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгирии ҷавонони олам  мебошад. Дар  Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ ҷавонони ҳунарманду эҷодкор аз ҷумҳурӣ ва давлатҳои хориҷӣ  метавонанд бо рақсу суруд ва таронаҳои миллии худ иштирок намоянд.

Хоҳишмандон метавонанд рақс ва сурудҳои худро то 10 марти соли 2020 тавассути почтаи электронии kjvs.1997@mail.ru ба унвони Кумита ирсол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки маротибаи дуюм аст бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!»  доир мешавад.

Соли  2019 дар фестивали мазкур намояндагони беш аз 12 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Япония ва Туркия иштирок намуда, барномаҳои ҷолибе ба намоиш гузошта буданд.

ДУШАНБЕ, 21.01.2020. /АМИТ «Ховар»/  9.png