Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Дастовардҳои олимони тоҷик дар соли 2019 беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ гардиданд

Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи  иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои ...

Асосгузори мактаби илмии физиология, биохимия ва биотехнологияи растаниҳо дар Тоҷикистон 80-сола шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи илмҳои таб...

Ҷилди дуюми китоби «Шаҳраки кушонии Сайёд» аз чоп баромад

Ҷилди дуюми китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа  Довудӣ ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар нашриёти «Эр-граф» бо номи «Шаҳраки кушонии Сайёд»  бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «дар ҷилди дуюми китоб натиҷаи ковишҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2018 дар бостоншаҳри Сайёд гузарониданд, мавриди таҳлил в...

САРАЗМ. Бостоншиносон дар ин шаҳри қадимӣ барои кашфи саҳифаҳои нави таърихи ниёгон талош доранд

Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ин макон корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррам...

Академик Раҳим Марупов дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт

Дирӯз, 12 январи соли 2020 риштаи умри яке аз олимони фарзонаи миллати тоҷик, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Марупов дар синни 84 — солагӣ канда шуд. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, д...

Дар Душанбе китоби нав дар бораи корномаи Пешвои миллат чоп шуд

Дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкори фозилу донишманди мамлакатАкрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт» ба забони тоҷикӣ чоп шуд. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷ...

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» муайян гардиданд

Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №15-и шаҳри Конибодом Розия Нурматова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Марҳабо Қудратова ва мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони ВМКБ Ангома Атомамадова бо гирифтани 207 хол дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2019» сазовори ҷойи аввал гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Мура...

Саразм ватани аввалин муҳандисони Осиёи Миёна ба шумор меравад

 Дар асоси хулосаи бостоншиносон, маданияти шашуму панҷуми ҳазорсолаи ниёгонро давраи тараққиёти ҷамъияти замони энеолит- асри сангу мис меҳисобанд. Ин давраи ибтидоии ташаккули тамаддун мебошад. Мардуми Саразми қадим бофарҳанг буда, он ватани муҳандисони аввалини Осиёи Миёна ба шумор меравад. Дар байни бозёфтҳо ашёҳое ҳастанд, ки мартабаи моддӣ ва маънавии сокинонро муайян мекунанд. Ин матлабро устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров иброз намуда, доир ба ёдгории қадимаи ха...

Фароштурук — парандаи соли 2020. Ӯ дар ҳамшафати зич бо инсон зиста, аз мо хайрхоҳӣ меҷӯяд

Фароштурук парандаи соли 2020 эълон гардид. Дар ин бора аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамасола Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он ҳамчун парандаи сол интихоб менамоянд. Интихоб намудани фароштурук ҳамчун парандаи сол бесабаб ...

Китобхонӣ таътили зимистонаи хонандагонро пурсамар гардонидааст

Таътили  зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани таътили зимистонаи хонандагон кадом тадбирҳо андешида шуданд? Ба гуфти сардори Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактабҳо рӯйхати 299 номгӯй адабиёт, аз қабили адабиёти бадеӣ, муосир, ҷа...