Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Агар адабиётшинос Маъруф Раҷабӣ зинда мебуд...

Оре, агар зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 65 қадам мегузошт. Вале ин адабиётшиноси шинохтаву донишманди хуб умри хеле кутоҳе дошта. Вай дар синни 46 - солагӣ тарки олам кард. Синне, ки мебоист беҳтарин таҳқиқотҳои адабиашро анҷом медод. Ёдаш ба хайр!   Маъруф Раҷабӣ 14 феврали  соли 1955 дар шаҳри Кўлоб ба ҷаҳон  омадааст. Соли 1976 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории  Кўлобро бо баҳои  аъло  хатм  кардааст. Муддате  дар донишкадаи  номб...

«АЗ ГУЛИСТОНИ МАН БУБАР ВАРАҚЕ…». Имрӯз дар бисёр кишварҳои олам Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб таҷлил мегардад. Тоҷикистон истисно нест

Зимистон миёни фаслҳои сол шояд аз ҷиҳати иду ҷашнҳо ва санаҳои ёдкард дар ҷои аввал қарор дошта бошад: Рузи байналмилалии ҳуқуқи инсон, Рӯзҳои умумиҷаҳонии кино, телевизиони кӯдакон, эскимо, мубориза бо СПИД, мубориза бо коррупсия, мубориза бо саратон, Соли нав, ҷашни Сада… Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», иди касбии кормандони соҳаҳои молия, энергетика, авиатсияи гражданӣ, гумрук, мақомоти прокуратура, амнияти миллии кишварамон низ ба фасли зимистон рост меоя...

Драматургияи Сотим Улуғзода

Устоди шодравон Сотим Улуғдода аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар мебошад, ки бо повесту роман, ҳикояву асарҳои саҳнавии худ шуҳрат ёфтааст. Адиби нуктасанҷу донишманд омӯзиши таърих ва гузаштаи пурифтихори миллатро ба як бахши муҳими эҷодиёти худ қарор дода буд. Ин асарҳо имрӯз бидуни шак ганҷинаи прубаҳои адабиёти муосиранд ва вуҷудашон ин сарватро ғанитар кардааст.  «Аҳмади Дониш», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Субҳи ҷавонии мо», «Ёрони боҳиммат” барин қисса...

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ. Ин шаҳри бостонӣ ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд мебошад

12 сентябри соли 2020  5500-солагии  шаҳри Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо даъвати меҳмонону олимони шинохтаи хориҷӣ ҷашн гирифта мешавад. Макони баргузории ин ҳамоиши сатҳи баланди илмию фарҳангӣ Саразми Панҷакати бостонӣ муқаррар шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Варорӯд буда, ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то мелод мансуб аст, ки дар ин давра тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ&n...

ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба анҷоми соли таҳсили 2019-2020, аттестатсияи аз синф ба  синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2020  №346,  ш. Душанбе Бо мақсади ташкил ва баргузор намудани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар анҷоми соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (...

Китоби файласуфи шодравони тоҷик дар Теҳрон чоп шуд

Нозир Арабзода дар Теҳрон чоп шуд Нозир Арабзода дар корномаи илмӣ ва пажӯҳишии худ осори зиёде дар ҳавзаи муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафа дорад, ки пажӯҳишҳои бунёдӣ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахриддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насириддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон аз ҷумлаи онҳост. Ҳамчунин аз ин устоди фақид беш аз 30 мақолаи илмӣ дар Донишномаи шӯравии тоҷик ба ёдгор мондааст, ки бештар ба ҳавзаи мафоҳим ва м...

Вазорати маориф ва илм барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф озмун эълон намуд

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020 озмун эълон намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Бино ба хабари манбаъ, ба диққати сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ расонида мешав...

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2020 баргузор карда шавад. 2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳ...

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши дуюм

Эдвард Фитсҷералд кист? Фитсҷералд дар 31 моҳи март (мусодиф бо айёми Наврўзи Ҷалолӣ) 1809 дар Инглистон ба дунё омад ва дар 14 моҳи июн 1883  падруди ҳаёт гуфт. Фитсҷералд ба соли 1826 аз колеҷи Тринти вобаста ба донишгоҳи Кембриҷ фориғуттаҳсил шуд. Рафту омад ва омўзиши ў бештар бо донишгоҳиён ва шоирон ва аҳли адаб буд. Дар 1844 бо ҷавони ҳаждаҳсолае ба номи Ковел ошно шуд, ки ғарқа дар пажўҳиши адабӣ дар кутуби форсӣ ва испониёӣ буд.  Фитсҷералд аз хонаводаи мутамаккин (сарватм...

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши аввал

Китоби донишманди эронӣ – Фазлуллоҳ Ризо, «Нигоҳе ба Умари Хайём» ба забони форсӣ соли 2000 дар Эрон нашр гардида, диққати хонандагон ва мухлисони Умари Хайёмро ба кашфиёти илмии риёзӣ, физикии мутафаккири  машҳур ҷалб намудааст, ки ин кашфиёт дар Аврупо дар нимаи дуюми асри 19 аз ҷониби Ф. Вопке, Д. Э Смит, аз ҷумла тарҷумаи рубоиёти Хайём аз ҷониби Э. Фитсҷералд ба англисӣ шўҳрати Хайёмро дар Аврупо ва Амрико ҳамчун олими навовар дар соҳаи улуми табиатшиносӣ ва шоири воқеъбин, мунаққиди хурофотпарастию му...