Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳозирини гиромӣ! Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён м...

1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад

1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Зикр шуд, ки чоряки якум 31 октябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардида, хонандагон ба муддати даҳ рӯз ба таътили тирамоҳӣ мебароянд. Таътили тирамоҳӣ ба хонандагон дахл дошта, омӯзг...

Аз 20 то 23 октябр дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад

Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасон»-и пойтахт даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  оғоз гардид, ки он  то 23 октябри соли равон  идома меёбад.  Дар ин даври озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ  ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок намуда,  ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши на...

Бори нахуст дар Душанбе олимпиада аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ баргузор мешавад

Аз 22 октябр то 27 ноябр бори нахуст дар Пажӯҳишгоҳҳои  илмӣ — тадқиқотии Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон маҷмӯи чорабиниҳо баргузор мешаванд, ки асоси онҳоро олимпиада бо ширкати хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт (мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо) барои дарёфти Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил медиҳад. Соли оянда дар асоси таҷрибаи андӯхта баргузории ин олимпиада дар миқёси ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Тавре ки директори Пажӯҳи...

«Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон…».

Меҳргон оғози нимаи дувуми  сол ва ё фасли тирамоҳ- ҳулули хуршед дар бурҷи Мизон аст. Тибқи баъзе навиштаҳои фарҳангнигорон дар аҳди Ҳахоманишиён эътибори ин ҷашн нисбат ба Наврӯз зиёдтар аст. Аз рӯи ривоятҳои муаррихони Юнони қадим  ва Рум  дар бораи  Меҳргон нисбат ба Наврӯз ҷашнҳои дигар  маълумот фарогиртар аст. Меҳргон аз вожаи Меҳр корбаст шудааст, ки шакли аввали он Митра  номи яке аз бузургтарин эзидони ҳиндуэронӣ аст  ва ҳазору чорсадсол пеш аз милод дар сангнав...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок намуданд

16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Рӯдакӣ”-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Чорабиниро Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардум...

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Ҳамватанони азиз!  Ҳозирини гиромӣ! Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик - Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям. Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом...

Пандемияи COVID-19 пайдоиш, хатар ва пешгирии он

 Микробҳо ва вирусҳо гуногун мешаванд ва доштани маълумоти умумӣ аз табиат, пайдоиш, роҳҳои гузариш, аломатҳо, муддати инкубатсионӣ ва мутатсияи онҳо аз фоида холӣ нест. Дар нигоштаи мазкур оиди хосиятҳои болозикршудаи COVID-19 сухан меравад.   Мо дар бораи оилаи вирусҳое, ки ба эпидемияи гузаранда ва марговар масъуланд, чӣ медонем? «COVID-19»: чаро 19?   Пас аз муайян кардани CoV-2019 дар аввал ин коронавируси нав SARS-CoV-2 ном дошт (SARS–Severe Acute Respiratory Syndrome - "Си...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - КАФИЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН

Андешаҳо дар бораи номзаде, ки дар дилу дидаи мардум ошён доранд. То баргузории интихоботи президентӣ рӯзҳои башумор мондааст. Барои баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ имкони мусоид фароҳам буда, дилхоҳ номзад метавонад иқдомҳои дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ пешбинишударо вобаста ба тарғиб амалӣ созад. Руҳияи мардум низ болида ва эътимодашон ба фардои дурахшони мамлакат қавӣ аст. Табиист, ки дар дилхоҳ интихобот, сарфи назар аз тарғибу ташвиқи номзадҳо хулосаи ниҳоиро мардум мебароранд...

Забони мо - муаррифгару мушкилкушои мо

Ҳар як инсон баъди пайдоиш аз батни модар аввалин маротиба бо лафзи ширину форам оғоз ба калом мекунад,  ки забони модарӣ ном дорад. Ҳар тифли навзод, ба аллаи модар, ниёз дошта, зери навои форами он худро озоду орому обод эҳсос карда, унс мегирад. Ва доимо интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас сухане шунида, сазовор ва шефтаи  навои ширинкаломи модари меҳрубонаш гардад. Зеро ӯ худашро дар сояи оғӯши азизи модар зери садои форамаш ба воя расонида, дилу дида ва ҷону дилашро бо калому лафзи мода...