Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Хабарҳо

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Даври ниҳоии озмуни мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 7 то 15 декабри соли равон  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии  озмуни мазкур, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллӣ   5 ...

Дар 5 муассисаи таълимии пойтахт барномаи «eDonish» фаъол гардид

Дар Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и (Smart City) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими муаррифии барномаи электронии «eDonish» баргузор гардид. Дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Муҳаммадалӣ Азизӣ,  директори КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомот...

Даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 7 то 15 декабр дар Душанбе доир мегардад

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 24 ноябр бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ҳамзамон Раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Абдуҷаббор Раҳмонзода вобаста ба баргузории даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷаласаи корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи на...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз! Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад. Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони...

Ҷашни Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳамдиёрони арҷманд!          Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои фархундаи миллию давлатӣ буда, ҳамчун нишони эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва кулли мардуми шарифи кишварро ба ифтихори...

Дастоварди навбатии хонандагони Литсейи Президентӣ дар олимпиадаи байналмилалии шаҳри Анталияи Туркия

Хонандагони литсейи Президентӣ ба тариқи фосилавӣ дар XII-умин олимпиадаи Байналмилалии ш. Анталияи Туркия ширкат намуда соҳиби 10 ҷой гардиданд. Дар ин олимпиадаи байналмилалӣ хонандагони литсей аз фанни забони англисӣ 5 нафар, биология 3 нафар ва математика 2 нафар иштироки фаъолона намуданд. Ҷойи I - 3 нафар Ҷойи II - 4 нафар Ҷойи III - 3 нафар

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ЛИТСЕЙИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТИ ТОҶИКИСТОН.

Хонандаи синфи 11 "Б" Хидиров Хизиралӣ дар озмуни шаҳрӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе дар соҳаи илмҳои дақиқ, техникӣ, табиӣ ва риёзӣ барои дарёфти "ҶОМИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" иштирок намуда соҳиби ШОҲҶОИЗА ва дипломи дараҷаи I дар соҳаи математика гардид.

Табрикоти Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи Президенти барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Муҳтарам, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!          Ҷомеаи меҳнатии Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  бо камоли шодмониву ифтихормандӣ Шумо ва аҳли хонадони Шуморо ба муносибати Рӯзи Президент ва 28-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош  гуфта, бароятон тансиҳатӣ, пирӯзию сарбаландӣ...

«МАН ҲАМАИ ШУМО, ХАЛҚИ АЗИЗАМ ВА ХУРДУ БУЗУРГИ ТОҶИКИСТОНРО СИДҚАН ДӮСТ МЕДОРАМ». Эҳдо ба Рӯзи Президент

Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бешубҳа, барқарор шудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки он бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст. Чунин иброз дошт муовини Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои таърих Мавсума МУИНӢ. Ӯ дар идома андешаҳояшро бахшида ба Рӯзи Президент чунин баён дошт: — Дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳои муҳиме ҳастанд, ки ба номи шахсиятҳои барӯманди он зич алоқаманд буда, аҳамияти онҳо бо гузашти солҳо ҳам...

ДАР ТОҶИКИСТОН ХАЛҚ ВА ПРЕЗИДЕНТ БА МАРҲИЛАИ ЯГОНАГӢ ВА ЭЪТИМОД БА ҲАМ РАСИДААНД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ...