Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагони то синфи 4 Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд

2 апреля 2022 10:04

Количество просмотров: 2967

Осорхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд шанбеи охири ҳар моҳ барои хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври ройгон  Рӯзи дарҳои кушод доир менамояд.

Тавре  сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон ин иқдомро ба амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат — дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ тарбия намудани кӯдакон ва наврасон равона намудааст.

Хонандагони то синфи 4-и муассисаҳои таълимии мамлакат  имкон доранд шанбеи охири ҳар моҳ ба Осорхонаи миллӣ ройгон ворид гардида, ба воситаи толорҳои намоишии он бо саҳифаҳои дурахшони гузаштаи миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Ҳадаф аз иқдоми мазкур – ин, пеш аз ҳама, шинос гардидани кӯдакону наврасон бо таъриху тамаддун, ёдгориҳои таърихии кишвар марбут ба асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадимӣ ва санъати нотакрори миллати тоҷик мебошад.

Ҳамчунин ба ин восита рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва забондонии кӯдакон дар ҷомеа баланд бардошта шуда, арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби осори таърихиву фарҳангии ниёгон эҳё мегардад.

Манбаъ аз сомонаи /АМИТ «Ховар»/: https://khovar.tj/2022/04/osorhonai-millii-to-ikiston-baroi-honandagoni-to-sinfi-4-r-zi-dar-oi-kusho...