Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ оғоз гардид

2 апреля 2022 04:04

Количество просмотров: 4298

 277746903_518282086354134_7473653411538519420_n.jpg

2-юми апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид, ки дар маросими кушодашавии он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон иштирок намуданд. 

Нахуст, Ҷ. Ҷӯразода – муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронии хеш иброз дошт, ки пешрафти ҳар як давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури сокинони кишвар сахт вобастагӣ дошта, айни замон илмҳои дақиқ, тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ба омили пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа табдил ёфтааст. Имрӯз ҷомеа ба ҷавононе ниёз дорад, ки дорои тафаккури пешрафта ва қобилияти фаъолияти босамар намуданро дар замони муосир дошта бошанд. Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” қабул гардид, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад. 
-Имрӯз даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 оғоз гардид, ки он то моҳи июни соли ҷорӣ идома меёбад. Бояд гуфт, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.2022, №370 аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанҳои табиӣ–риёзӣ, аз ҷумла олимпиада фанни физика (астрономия) ба номи Абурайҳони Берунӣ, олимпиада аз фанни математика ба номи Умари Хайём, олимпиада аз фанни биология ба номи Абӯалӣ ибни Сино, олимпиада аз фанни химия ба номи Закариёи Розӣ ва олимпиада аз фанни география ба номи Носири Хусрав баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои мазкур 536 нафар хонанда, аз ҷумла аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ 296 хонанда ва аз мактабҳои типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) 240 хонанда иштирок менамоянд,-қайд кард муовини якуми вазири маориф ва илм.
С. Ҷаъфарзода - директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ зикр намуд, ки манзалати ин олимпиада хеле баланд аст, зеро он даври ниҳоии ин маъракаи илмию таълимӣ буда, барои то ин зина расидан хонандагон дар се марҳалаи аввалаи он комёб шудаанд. 
- Ғолибони олимпиадаи мазкур соҳиби имтиёзҳои шоён мегарданд, яъне дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба натиҷаи имтиҳонҳои онҳо, вобаста ба сатҳи ғолибияташон дар олимпиада аз 50 то 100 бал илова карда мешавад. Ин имтиёзи калон, бешак, барои дохил шудани онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дилхоҳашон кумаки зиёд хоҳад кард,-зикр кард номбурда. 
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуд. 
Баъд маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки агар то соли 2010 дар ҷумҳурӣ як олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 11) гузаронида мешуд, айни замон бо баргузор гардидани 24 намуди олимпиадаҳои фаннии номӣ ва даставӣ барои хонандагони зинаҳои дуюм ва сеюми таҳсилот, дар алоҳидагӣ барои ҷалб, фарогирӣ ва иштироки ҳарчӣ бештари хонандагони боистеъдод дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят, минтақа, шаҳр, ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ шароиту имкониятҳоро зиёд намуд, ки самараи дилхоҳ дода истодаанд.
Аз ҷумла, танҳо соли таҳсили 2020-2021 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 4243 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд, ки дар қиёс ба соли 2014 3400 нафар ва соли 2019 1873 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2021 1842 нафар хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (284 медали тилло, 532 медали нуқра ва 1026 медали биринҷӣ) гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2014 1567 ҷойи ифтихорӣ ва соли 2019 1188 ҷойи ифтихорӣ зиёд мебошад.

Ёдрас мешавем, ки натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ санаи 3-юми апрел эълон гардида, маросими ҷоизасупории он санаи 4-уми апрел дар “Кохи Суруш” доир мегардад. 

277770376_518282309687445_6308653865769791061_n.jpg

277572635_518282186354124_8069254010408714622_n.jpg

277577375_518282366354106_7705596964174441478_n.jpg

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд:  https://www.maorif.tj/ahborot/davri-umuriyavii-olimpiadaoi-fann-ooz-gardid