Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Бахши амалии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид

3 апреля 2022 08:04

Количество просмотров: 9945

Санаи 3.04.2022 дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ” идомаи даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, тибқи Низомномаи озмун бахши амалӣ баргузор гардид.
Лозим ба қайд аст, ки дар рӯзи дуввум вобаста ба бахши амалии даври ноҳиявии озмуни мазкур аз рӯйи 2 шарте, ки дар низомномаи озмун муқаррар гардидааст, яъне:
- “Маҳорати суханварӣ” (бо се забон);
- “Қироати шеър” (бо се забон) байни хонандагони синфҳои 5-8 ва 9-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино ва литсею гимназияҳои ҳудуди ноҳия аз фанҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони англисӣ гузаронида шуд.
Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои пешниҳодшудаи низомномаи озмун дараҷаи забондонӣ ва маҳорати худро санҷиданд.
Дар бахши амалии даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” аъзои ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷрибаи Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби муосири байналмилалӣ”, ва омӯзгорони Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” ҷалб гардиданд.

277759293_519038972945112_7102660510206054529_n.jpg

277741246_519038702945139_2059990220210155602_n.jpg