Ҳамаи кормандони соҳаи маориф, аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави мамлакат ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, дастур доданд, ки: «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таъл...
Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Саидмуҳаммад Изатуллозода хабар дод. Ба иттилои мавсуф, 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии То...
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода 16 январи соли равон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Василий Серватюк мулоқот анҷом дод. Дар ин бора аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ташрифи Сафири тозаинтихоби Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносоӣ бо кори Китобхонаи миллӣ, боздид аз бойгонӣ, феҳрист ва баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои соҳавӣ байни китобхонаҳои пешрафтаи Украина ва К...
Аз 9-ум то 13-уми январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон 16-умин Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои матемактика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он хонандагони тоҷик сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ, 2 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 82 даста аз 20 кишвари олам иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 нафар дар 3 даста шир...
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 адад китоби гуногунмазмунро ба муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи рушди маҳал иттилоъ доданд, китобҳои тақдимгардида аз «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Ваҳдатнома», «Ваҳдат ва Истиқлолият қисми II», «Ваҳдат зевари давлати миллӣ қисми III», «Ҳафтхони Темурмалик», «Шуҷоати Спитамен», «Тулӯи Ҳақиқат» ва «Тиллои Тоҷики...
15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири машҳури Чини қадим Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст. ...
Дар соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳо 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018-ум 12 адад зиёд мебошад. Дастовардҳои олимони тоҷикро дар соли 2019 метавон беҳтарин натиҷа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуд. Ин матлабро президенти Академияи илмҳои ...
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ирсоли Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад. Бояд зикр намуд, ки олимони соҳаи илмҳои таб...
Ҷилди дуюми китоби доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ва директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар нашриёти «Эр-граф» бо номи «Шаҳраки кушонии Сайёд» бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки «дар ҷилди дуюми китоб натиҷаи ковишҳои кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки соли 2018 дар бостоншаҳри Сайёд гузарониданд, мавриди таҳлил в...
Тавре қаблан иттилоъ додем, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ таҷлил намудани 5500-солагии Саразми бостонӣ, ки он соли оянда ҷашн гирифта мешавад, бунёди 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни замон дар ин макон корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дошта, сохтмончиён, роҳсозон, меъморон ба бунёди роҳ, осорхона, деворбандии гирдогирди ҳафриёт ва корҳои ободонию хуррам...