Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Табрикотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 февраля 2024 01:02

Количество просмотров: 234

Дар таърихи 12 феврали соли 2024 даври интихобии олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «СМО – 2024» аз фанни математика баргузор гардид, ки дар он 45 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Тибқи натиҷаҳои бадастомада як нафар хонандаи синфи 11-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон» - Душанов Азамат ба даври ниҳоӣ роҳхат пайдо намуд.
Олимпиадаи байналмилалии Қафқоз «СМО–2024» аз фанни математика дар таърихи 11-16 марти соли 2024 дар шаҳри Майкопи Ҷумҳурии Адигея баргузор гардида, байни хонандагони синфҳои 8-11 сурат мегирад. Дар Олимпиада зиёда аз 20 давлати дунё (Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Россия, Беларуссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркменистон, Эрон, Муғулистон, Исроил, Ҳиндустон, Туркия, Булғория, Словакия, Белгия, Латвия, Литва ва ғ.) иштирок мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки дар Олимпиадаи мазкур тими миллии олимпии кишварро чор нафар толибилмон аз он ҷумла як нафар хонандаи пойтахт ва як нафар роҳбари даста (Баротов Ҷонибек – омӯзгори фанни математикаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон») муаррифӣ менамоянд. Ба ҳамаи иштирокчиёни ин олимпиадаи бонуфӯз барору комёбӣ таманно менамоем

.