Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ (ШАҲРӢ) ОЛИМПИАДАИ “SPELLING BEE”

Бо мақсади иҷрои талаботи низомномаи Олимпиадаи “SPELLING BEE”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018 таҳти №18/6 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанни забони англисӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби М...

ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Дар Тоҷикистон аз 1 то 10 январи соли 2022 хонандагон истироҳат мекунанд

Аз 1 январи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз шуда, то 10 январ идома меёбад, хабар дод муовини сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёратшоҳ Назруллозода. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд. Давоми таътил аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон ...

Дар Душанбе даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2021», «Омўзгори сол-2021» ва «Хонандаи сол-2021» баргузор мегардад

Шурӯъ аз имрӯз то 29 декабр даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Аз ҷумла, даври шаҳрии «Мураббии сол-2021»  22-24 декабр,  «Омўзгори сол-2021» 27-29 декабр ва Озмуни «Хонандаи сол-2021» 23-24 декабр доир мешавад. Даври ҷамъбастии озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бояд аз шакли кӯҳнаи таҳсил даст кашид ва таълимро ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид

Мо бо усулу барнома ва конспектҳои кӯҳнаи худ ҷавононро наметавонем соҳибкасб намоем. Аксарияти омӯзгорони мо системаи нави иттилоотӣ ва кор кардан бо донишҷӯёнро намефаҳманд. Бояд аз ин усули таълим даст кашида, онро ислоҳ намуд ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонид. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 21 декабр  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд. Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри боз ҳам  рушд ёфтани  соҳаи таҳс...

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба ...

Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон оғоз шуд: пахши мустақим

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, паёми анъанавии худ ба парлумони кишварро оғоз кард. Паёми раисиҷумҳур мустақиман дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш шуд. Раисиҷумҳури кишвар чун анъана дар паёми худ натоиҷи соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян мекунад. Илова бар ин, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар соли 2022 масоили нави калидӣ барои мақомотро муайян хоҳад кард. ...

Нигина Назарова – соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кўдакон ва наврасон

Хонандаи синфи 10-и литсейи Президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе Нигина Назарова соҳиби Ҷоизаи байналмилалии кўдакон ва наврасон «Экология - кори ҳар нафар аст» дар номинаи «Экология дар ҷаҳон» гардид. Озмуни мазкур аз ҷониби Хадамоти федералии назорати идоракунии муҳити зисти Федератсияи Русия  «Росприроднадзор» ташкил карда шуд, ки ба он Нигина Назарова дар мавзуи «Экология - кори ҳар нафар аст» тариқи онлайн гузориши видеоӣ пешниҳод намуд. Озмуни мазкур 25-уми ноябр дар шаҳри ...

Конфронсияи "Сафобахши ҷаҳони мо китоб аст" дар Литсей-интернати Президентӣ

Имрӯз дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронсия бо номи "Сафобахши ҷаҳони мо китоб аст" доир гашт. Бо роҳбарии Панҷиев Файзуло Фатҳуллоевич хонандангони синфи 3 "А" дар китобхонаи литсей ҷамъ омада ин конфронсияро бо Суруди миллии Ҷумҳури Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд. Ҳамчунин дар конфронсия Ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ Бегназарова Мадина Давлатёровна, Роҳбари Созмони хонандагон Усмонов Абулхайр, Ҷонишини директор оид ба тарбия Сиддиқзода Барак...

Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки дар ин лаҳзаҳо аз рӯи панҷ номина идома дорад. Дар оғози маросими бошукӯҳ Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифата...

''ХОНАНДАИ СОЛ-2021''

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ санаи 01.12.2021 дар толори фарҳангии МТМУ № 66 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби МД ''Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино'' бо роҳбарии директори марказ Каримова Мавлуда даври ноҳиявии озмуни ''ХОНАНДАИ СОЛ-2021'' баргузор гардид. Дар натиҷа хонандаи синфи 10-уми МДТ "Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ДАВЛАТЁРОВА НАЗАРБАХТ бо ишғоли 186 хол сазовори ҷойи 1-ум гардид. ...