Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Сухангустари беназир

27 февраля 2021 11:02

Количество просмотров: 386

 Афғонов Сафаралӣ – омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Литсейи Президентӣ барои  хонандагони болаёқти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон



       Сухангустари беназир

  Лоиқ Шералӣ бемуҳобот шоири фарзонаи миллат, яке аз чеҳраҳои шинохта ва яке аз ахтарони дурахшони адабиёти муосири тоҷик буда, бо ғазалу   суруд, дубайтию рубоиёти намакини хеш дар қалби ҳаводорони сухани ноби форсии тоҷикӣ макони ҷовидонӣ дорад. Зеро маҳз Лоиқи ширинкалом тавонист беҳтарин  ғазали ишқиро барои ошиқон , беҳтарин шеъри модарро барои модаргумкардагон , беҳтарин шеъри меҳандӯстиро  барои ватандӯстон, беҳтарин шеъру ғазалҳоро дар ситоиши падар иншо намояд. Пас аз ҳазор соли ҳаёти устод Рӯдакӣ Лоиқ  ба дунё  омад ва дар давоми умри кӯтоҳу пурбаракати худ ба насли имрӯза мероси гаронбаҳое боқӣ гузошт.

      Ба андешаи нависандаи  бузурги тоҷик Сотим Улуғзода «Лоиқ баробари ба майдони адабиёти кунунии тоҷик ворид шудан, худро ба сифати шоири ҷавони хеле боистеъдод  муаррифӣ намуд». Бе ягон шубҳа метавон гуфт, ки ашъори Лоиқ дорои  мазмуни баланд   буда, дар баробари ин навпардозиҳои зиёд дар ашъори шоир дида мешаванд. Масалан:

 «Соқиномаи имрӯзин»:

             Бидеҳ косагул, оби ангури мо ,

             Ки наздик созад раҳи дури мо .

Калимаи «косагул» дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ»  ба ду маъно истифода шудааст:

1. Гули садбарги баргҳояш калон-калон;

2. Маҷозан,  соқии нишасти шаробнӯшӣ , соқии базм

          Лоиқ калимаи «косагул» - ро ба маънои соқии базм ё зарфе, ки аз он гурӯҳи одамон дар базм шароб менӯшанд, истифода намудааст. Яъне , маълум аст , ки калимаи «косагул» аз ду реша «коса» ва «гул» ташкил ёфта, калимаи мураккаб шудааст.

          Устод  Лоиқ дар шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» калимаи мураккаби  «камонмардон» - ро истифода кардааст, ки яке аз навпардозиҳо,  ихтироъҳои шоир буда, ба маънои «силоҳбадастон» истифода шудааст:

         

  Камонмардон !

            Камон аз дӯш бигзоред,

            Ба ёди куштагони хештан хомӯш бигзоред!      

Ё дар байти дигар калимаҳои «ҳамшиша», «ҳамсоғар» бо истифода аз пешванди ҳам сохтааст, ки ҳаммаънои вожаи «ҳамқадаҳ» мебошанд:

          Шудам  пазмонат, эй ҳамшишаву ҳамсоғарам, Варзоб,

          Биё, ҷоме ба ҳам гирем, пеш о дар барам, Варзоб.

    Ин ҷо маълум мешавад, ки Лоиқ хуш гузаронидани вақтро таъкид кардааст.

           Навпардозии дигаре, ки дар ашъори Лоиқ дида мешавад,  сохтани ибораҳо мебошад. Чунончи, дар шеъри «Раҳми Парвардигори мо омад» :

       …Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

            Сулҳи бунёдкори мо омад…

            Ҷанги девонавори мо бигзашт ,

            Сулҳи деринтизори мо омад.

Дар ин байтҳо ибораҳои «ҷанги бунёдсӯз», «сулҳи бунёдкор», «ҷанги девонавор», «сулҳи деринтизор»  ихтироъҳои Лоиқ мебошанд.  

          Лоиқ дар ҳақиқат фарзанди даври хеш буд. Агар марг имкон медод, имрӯз шоир  ба синни мубораки 75 қадам ранҷа менамуд ва барои мухлисону ҳаводорони шеъраш, барои мардуми тоҷик ва дар ситоиши ватану модар, ишқу муҳаббат, ифтихори миллӣ ,  забону чеҳраҳои шинохтаи миллат чандин маҷмӯаи шеърҳо  менавишт. Шояд Худованди зулҷалол барои миллати тоҷик баъди ҳазор  сол Лоиқи дигаре диҳад.     Чунончи Лоиқ таъкид кардааст:

  Ман баъди ҳама завол меоям боз,

  Чун мурғи хуҷастафол  моям боз.

  Гар  баъди ҳазор  сол ёдам бикунед,

  Аз баъди ҳазор сол меоям боз.