Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ

2 апреля 2021 09:04

Количество просмотров: 431

Интернет платформаҳо системаҳои мукаммалеро тартиб додаанд, ки барои ҷамъоварии маълумотҳои шахсии корбарон равона шудааст. Масалан, Facebook ва Google, системаи мукаммалеро барои таблиғоти мақсаднок сохтаанд, ки онҳо ба ҷамъоварии маълумоти шахсӣ асос ёфтаанд.

Мо ба Шумо 6 роҳи ҳифзи маълумоти шахсӣ дар интернетро пешниҳод мекунем.

Таблиғотро идора кунед

Шумо метавонед маҷмӯи маълумотҳоеро маҳдуд кунед, ки рекламадиҳандагон барои ҳадафрас гардидани тарғиботашон истифода мекунанд. Бо танзимоти махфӣ ва таблиғ шинос шуда онро бодиққат хонед ва баъдан маълумотҳои майлу рағбати худро аз саҳифа тоза кунед. Ин гуна корро метавон дар Facebook ва Twitter анҷом дод..

Пайгирии маконро хомӯш кунед

Пайгирии макон, таърихи боздид ва барчаспҳои нишонаи дар куҷо гирифта шудани акс ба платформаҳо имкон медиҳанд, ки маълумоти шуморо ҷамъоварӣ карда бароятон таблиғоти инфиродӣ пешниҳод кунанд. Барои нигоҳ доштани махфият дар смартфони худ пайгирии маконро барои ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва камераи дастгоҳ хомӯш кунед.

Ба аккаунт ворид нашавед

Дар баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Twitter ва TikTok, барои дидани маводҳо ва публикатсияҳо ба аккаунт ворид шудан лозим нест. Ба аккаунт ворид нашуда низ метавонед маводҳои ин шабакаҳоро тамошо кунед ё бихонед.

Бозхонии иҷозатномаи барнома ва бозиҳо

Аксари корбарон ҳадди аққал як маротиба бо истифода аз аккаунти Google ё Facebook ба ягон барнома ё сайти дигар ворид шудаанд. Аз як тараф, ин хеле осон буда, аз тарафи дигар, ин барнома ва сайтҳо ба маълумоти шахсии шумо дастрасӣ пайдо мекунанд.
Дар танзимоти Facebook, шумо метавонед иҷозатномаҳои вурудро бекор кунед ё интихоб кунед, ки кадом маълумот барои барномаи мушаххас дастрас бошад. Чунин корро ҳамчунин метавон дар Google анҷом дод.

Ба пайванди тарғибот ворид нашавед

Бештари платформаҳои медиавӣ шуморо пайгирӣ мекунанд, ки кадом намуди тарғиботро дидан, чӣ қадар онро тамошо кардан ва чанд бор ворид шудани Шуморо низ ба ҳисоб мегиранд. Агар шумо ягон чизи писандидатонро дидед, аммо аз ҷамъоварӣ шудани маълумотатон хавотиред, пас барои дидани он аз барномаи VPN истифода кунед.

Почтаи электронии алоҳида кушоед

Агар Шумо махфияти маълумоти худро ба таври ҷиддӣ гирифта бошед, пас як почтаи электронии нав кушода онро барои мақсадҳои мушаххас истифода кунед ва ба аккаунтҳои дигар пайваст накунед. Ин барои ширкатҳо пайгирии шуморо душвортар мекунад.