Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Аз фишинг эҳтиёт бояд кард

11 сентября 2020 03:09

Количество просмотров: 397

«Фишинг» як намуди қаллобӣ дар интернет мебошад, ки ҳадафи он дастрасӣ ба маълумотҳои шахсӣ ва ба даст овардани рамз ва логини корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

«Фишинг» аз калимаи анг-лисии «phishing» (маънояш) «моҳидорӣ” гирифта шудааст. Техникаи фишинг соли 1987 ба таври муфассал тавсиф шуда буд ва худи ин истилоҳ 2 январи соли 1996 дар гурӯҳи хабарии alt.online-service.America-Online Usenet пайдо шудааст.

Фишингерҳо тавассути фиристодани мактубҳо аз номи брендҳои машҳур, инчунин, паёмҳои хусусӣ дар доираи хидматҳои гуногун, масалан, аз номи бонкҳо ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақсадҳои худ ноил мешаванд. Дар мактубҳои ирсолшуда онҳо аксар вақт пайванди мустақим ба сомонаи қалбакии худро мегузоранд, ки он аз сомонаҳои аслӣ фарқияте надорад. Вақте корбар ба сомонаи қалбакӣ ворид шуд, қаллобон аз усулҳои равонӣ истифода бурда, кӯшиш мекунанд, то корбарро барои даромадан ба аккаунти худ бовар кунонанд. Вақте корбар рамзу логини худро навишта ба аккаунт ворид мешавад, қаллобон ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд ба суратҳисобҳои бонкии корбарон низ   дастрасӣ пайдо кунанд. Фишинг яке аз намудҳои муҳандисии иҷтимоӣ буда, дар асоси надонистани амнияти шабакавии корбарон ташкил шудааст. Аз ҷумла, қисми зиёди корбарон намедонанд, ки сомонаҳои хизматрасон, ҳеҷ гоҳ аз корбарони худ хоҳиш намекунанд, ки маълумоти аккаунти худ, рамз ва логин ва ғайраро ба онҳо хабар диҳанд.

Барои муҳофизат аз фишинг, созандагони браузерҳои бузурги интернет байни ҳам созиш карданд, ки аз усулҳои ягона барои огоҳнамоии истифодабарандагон дар бораи сомонаҳои шубҳанок, ки ба қаллобон рабт доранд, истифода баранд. Версияҳои нави браузерҳо аллакай аз ин хусусиятҳо бархӯрдоранд, ки онҳо «анти-фишинг» ном доранд.

Phishing-Definição.png