Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






АШКИ СУЛТОН МАҲМУД

23 октября 2020 03:10

Количество просмотров: 515

Шабе Султон Маҳмуд эҳсоси дилтангӣ мекард ва наметавонист бихобад. Ба раиси муҳофизонаш гуфт: Биё ба сурати ношинос берун биравем ва аз ҳоли миллат хабар бигирем.
Ҳангоми гаштан дар шаҳр мушоҳида карданд, марде рӯи замин афтода ва мардум аз канораш рад мешаванд ва эътиное ба ӯ намекунанд вақте наздиктар шуданд, мушоҳида карданд марди афтода, мурда ва вақте низ аз марги ӯ мегузарад.
Аз мардуме, ки беэътино аз канори ҷасад рад мешуданд пурсиданд: Чаро аҳамияте ба ин фард намекунанд?
Посух доданд: Ӯ фарди фосид ва доим маст буд!
Султон Маҳмуд ба кӯмаки ҳамроҳаш ҷанозаро ба хонаи мард бурда ва таҳвили ҳамсараш доданд...
Ҳамсараш бо дидани ҷаноза гиряву нолаи бисёр кард ва гуфт:
Худо раҳматат кунад, эй валии Худо!
Ту аз солиҳин ва некӯкорон будӣ!
Ман шаҳодат медиҳам, ки ту "Валӣ" ва аз "Солиҳин" ҳастӣ!
Султон ба таъаҷҷуб гуфт:
Чӣ тавр мегӯӣ, ки ӯ аз авлиё аст, дар ҳоле, ки мардум чунин гапҳо дар борааш мегӯянд?!
Зан посух дод: Бале ман интизори чунин гуфтор ва вокуниш аз мардумро дорам ва аз қазовати онҳо мутаъҷиб нестам. Сипас идома дод ва гуфт:
Шавҳарам ҳама шабҳо ба мағозаи машрубфурӯши мерафт ва ҳар чӣ қадар метавонист машруб мехарид ва меовард хона ва даруни дастшӯйи мерехт ва мегуфт: Худоро шукр имшаб ин миқдор аз гумроҳ шудан ва фасоди мардум камтар шуд!
Пас аз он манзили яке аз "занони фоҳиша ва бадном" мерафт ва ба ӯ пул медод ва мегуфт: Ин даромади имшаб!
-Имшаб дари манзилатро то субҳ бибанд ва аз касе пазироӣ накун!
Пас аз он ба манзил бармегашт ва мегуфт: Имшаб ба андозаи як нафар аз иртикоби гуноҳ ва гумроҳ шудан ва ба фасод кашида шудани ҷавонон ҷилавгирӣ шуд!!!
Ман ҳамвора ӯро маломат мекардам ва мегуфтам:
Мардум дар бораат таври дигар фикр мекунанд ва ҷанозаат рӯи замин хоҳад монд ва касе "ғусл" ва "кафанат" ҳам нахоҳад кард.
Аммо ӯ мегуфт: Ғам нахӯр барои намози маййит ва кафан ва дафни ман султон, авлиё ва олимони ислом ҳозир хоҳанд шуд!!!
Султон, ки ҳанӯз худро муаррифӣ накарда буд, ба гиря афтод ва гуфт:
-Ба Худо қасам, ман Султон ва подшоҳи кишвар ҳастам.
Ва фардо субҳ ба ҳамроҳи олимони ислом барои ғусл ва кафанаш меоям... Субҳи рӯзи баъд Султон ба ҳамроҳии уламо ва шайхҳо ва бузургони мамлакат ва ҷамъе аз мардум барои ӯ намози ҷаноза хондан ва ӯро бо эҳтиром дафн кардан!
Сад сол раҳи масҷиду майхона бигирӣ,
Умрат ба ҳадар рафта, агар даст нагирӣ.
Бишнав аз пири харобот ту ин панд:
Ҳар даст, ки додӣ, ба ҳамон даст бигирӣ.