Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Пешвои миллат - посдори асили забони тоҷикӣ

5 октября 2020 12:10

Количество просмотров: 1409

Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил ва демократӣ ташаккул ёфта, дар он ҳама асосҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҳувият ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошанд. Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ собитқадамона сиёсати таҳкими давлатдории миллиро пайваста пеш бурда истодаанд. Давлатдории миллӣ дар навбати худ дар асоси забон ва фарҳанги миллӣ, иқтисодиёти миллӣ ва сиёсати миллатмеҳвар, ҳувияти ташаккулёфтаи миллӣ амалӣ мегардад. Дар ин радиф забони миллӣ шоҳсутуни давлатдории миллӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад.

5 октябри соли 2020 Ватани мо Иди забони давлатиро таҷлил менамояд, ки он яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо ба ҳисоб меравад. Забон таҳкурсие аст, ки бинои ахлоқ, фарҳанг ва ҷаҳонбинии миллат дар асоси он эъмор мегардад. Аз ин рӯ, забони тоҷикӣ ҷавҳари ҳувият ва тафаккури милли тоҷикон маҳсуб ёфта , танҳо тавассути забон мо метавонем хотираи таърихии мардумро ҳифз намоем ва ҳамбастагиии худро бо мероси ҳазорсолаи маънавии миллати худ эҳсос кунем.          

Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсии Тоҷикистон ба ҳифз ва гиромидошти забони тоҷикӣ афзалияти стратегӣ доданд ва қайд карда буданд, ки “забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст. Таърихи давлатдории ориёӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои бостонии мо ҳамеша кўшиш ва ҷаҳду ҷадал мекарданд, ки барои устувор сохтани пояҳои давлатдорӣ ва ба вуҷуд овардану мустақкам намудани давлатдории миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ аз унсури забонӣ истифода бурда, барои рушду тараққӣ ва густариши забони модарии хеш тадбирҳои мушаххас андешанд. Агар ба давраҳои дури таърихи забони худ назар кунем, мебинем, ки гузаштагони мо барои равнақу эътибор ва инкишофи забони худ чӣ фидокорӣ ва чӣ кўшишҳое ба харҷ доданд, то забони модарии хешро ба пояи забони расмии давлатӣ бароварданд”

Бо ибтикори Пешвои миллат, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар эътироф гардид ва давлат ба сарпаноҳи сиёсӣ дод. Дар ин самт, роҳбарияти Тоҷикистон нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намуд ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Қабули санадҳои ҳуқуқӣ оид ба забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба густариши бесобиқаи забони тоҷикӣ замина фароҳам оварда, нақшу мақом ва манзалати онро ба ҳайси забони давлатии сарзамини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам намуд, ки ин падида натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Минбаъд ба ибтикори бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳои сунъӣ, ки дар замони то истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи рушди озодона ворид гардид. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мамлакат муваффақона ва босамар идома ёфта, маҳсули заҳмати шабонарузии Пешвои миллат мебошад. Имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни сохторҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати Пешвоми муаззами миллат қарор дорад.

Маҳз бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ба арсаи байналмилалӣ баромада, имрӯз аз баландтарин минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид садо медиҳад, ки боиси ифтихори ҳар як ватандори асил мебошад.

Дар даврони Истиқлол бо ибтикори Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуда, барои шинохти миллати таърихӣ заминаҳои сиёсӣ фароҳам омад ва дар ориёшиносӣ ва ё эроншиносии муосир шоха и сифатан нави тоҷикшиносӣ ҷойи расмӣ ва мустақиле барои худ пайдо намуд.

Пешвои миллат дар давраи истиқлолият ҷиҳати таблиғу ташвиқи забони тоҷикӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, ин равандро беш аз пеш густариш дода истодаанд. Аз ҷумла, ҳамасола нашри осори адибони барҷастаи классикӣ ва муосирро ба роҳ монда, дастраси ҳамватанон гаштаанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, ки “бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самтҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд. Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад. Бори дигар хотирнишон менамоям, ки забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти ягонаи миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад. Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад”.

Имрӯз ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор гирифтани забони тоҷикӣ маҳз натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои худ баҳри таҳкими истиқлоли Ватан тавонист забони давлатиро дар кишвари азизамон ба рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардонанд. Забони тоҷикӣ на танҳо унсури муҳими миллатсоз маҳсуб меёбад ,балки аз рӯзи пайдоиши худ як абзори муҳими сиёсӣ буда, дар истиқлолхоҳии гузаштагони мо нақши калидиро бозидааст. Дар ин маврид Президенти кишвар дар асари безаволи худ “Забони миллат -ҳастии миллат” хеле хуб қайд намуда навиштаанд, ки “Саффориён (873-899) ва Сомониён (899-999) аз забон ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар муқобили араб барои касби истиқлол истифода карда, бори нахуст дар Хуросону Мовароуннаҳр парчами истиқлолро барафрохтанд ва сулолаву салтанатҳои азимеро аз хонадонҳои наҷиби маҳаллӣ бунёд намуданд. Амирони ватанпарасту донишпарвари сомонӣ барои эҳёи мероси фарҳангии пешазисломии худ низ кўшишҳо карда, осори таърихию бадеӣ ва диниву ахлоқии муаллифони худӣ ва бегонаи асри хешро аз забони арабӣ тарҷума карда, ҳатто талош варзиданд, Қуръони маҷидро ба тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) баргардонанд.

Дар натиҷаи чунин сиёсати миллӣ нахустин осор ба забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) пайдо шуда, бузургтарин пешвоёни ин забон ва адабиёт Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ ва барҷастатарин олимони асрҳои миёна чун Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав ва пайравону шогирдони онҳо маъруфтарин осори илмии он давраро ба забони модарии хеш навиштаанд”.

Таърихи инсоният собит сохт, ки забони миллӣ дар дилхоҳ давру замонҳо як рукни давлатдории миллӣ буд. Дар ҳақиқат забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Чи тавре ки Пешвои миллат таъкид мекунанд, “забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.

Арҷгузорӣ ва муносибати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ намунаи олии ватандорӣ маҳсуб ёфта , боиси пайравии ҳар як соҳибватан гаштааст. Роҳбари давлати тоҷикон бо муносибати эҳтиромонаи худ нисбат ба забони тоҷикӣ ба мо нишон медиҳанд, ки ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ рисолати ҳар фарди бонангу номус аст. Дар ҳақиқат, бузургтарин вазифаи ҳар тоҷики худшиносу ватанпарвар, ки бо фарҳангу забони худ арҷ мегузорад, поку мусаффо нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои ояндаи миллати тоҷик ба мерос гузоштани ин сарвати миллӣ мебошад.

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!