Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Аҳолӣ

30 декабря 2019 12:12

Количество просмотров: 648

Раванди ташаккул ёбии халқи тоҷик ҳануз дар асрҳои IV-V оғоз ёфта ва қариб дар асрҳои IX-X дар замони Сомониён анҷом ёфт. Нажоди этники тоҷиконро баъзе қабилаҳои қадимии Осиёи Миёна: Бохтариҳо, сарматҳо тохариҳо суғдиҳо сакоиҳо ва масагетҳо ташкил медоданд.

Тоҷикон ба монанди дигар форсизабонҳо ба монанди Ҳиндуҳо ва халқҳои Нуристон ба нажоди ориёиҳо дохил мешаванд. Гузаштагони халқи тоҷик бо забони шарқи эрони, муошират менамуданд. Ин аст, ки гузаштагони аждодони тоҷикони муосир на бо забони форси балки бо забони ғарби эрони муошират мекарданд. Забони нави форси ҳамчун забони форси дар Эрон ва забони дари дар Афғонистон дар асри VIII ташакул ёфт. Эрониҳои шарқи забони форсиро дар давраи Осиёи Миёнаро аз тарафи арабҳо қабул намуданд. Замоне ки арабҳо мардуми Эрони шарқиро ба тарафи Осиёи Миёна муҳоҷир намуданд, дар натиҷаи ин таъсиррасони мардуми Эрони шарқи (тоҷикон) бо забони форси гуфтугу мекарданд. Аммо лаҳҷаи гуфтугуи онҳо бо забони Эрони шарқи сурат мегирифт.

Аз назари антропологи тоҷикон ба нажоди ҳинду аврупои дохил мешавад. Тоҷикон шаклан мӯи ва чашмони сиёҳранг буда пусти онҳо сабзина ва сафедранг мебошад. Мардуми водии вилояти Суғд бештар шакли муғулоиди дошта, муйҳои тилло ранг ва чашмони танг доранд. Муйҳои тилло ранг ва чашмони сиёҳи равшан низ дар тоҷикони куҳистони Бадахшо низ вомехуранд.

Таркиби қавмии аҳолии кишвар аз рӯи тақдири таърихии онҳо муайян карда мешавад. Кишвар то замони кашфиётҳои бузурги ҷуғрофи дар роҳҳои тиҷоратии байналмилали қарор дошт ва то ҳамин давраи вуҷуд доштани худ ба ҳуҷуму забткориҳои бегонагон гирифтор шудааст. Ҳудуди Тоҷикистон чандин маротиба ба ҳуҷуму забткориҳои бегонагон гирифтор шуда боиси пайдоиши қавму халқиятҳои гуногун гардидааст, махсусан ноҳияҳои ҷануб.

Аз маҷмуи умумии тоҷикон, Помириҳо бо як қатор хусусиятҳо махсусан бо забон, ҳаёти ҳаруза аз тоҷикони дигар фарқ мекунанд. Инҳо шуғнониҳо, рушониҳо, язғуломиҳо, вахониҳо ишкошимиҳо мебошанд. Онҳо дар ҳудуди ВМКБ дохил мешаванд. Гуруҳи дигари тоҷикон, яғнобиҳо – насли ҳақиқи суғдиҳо ба ҳисоб рафта дар баланд куҳҳои Яғноб (шохоби Зарафшон) зиндаги мекунанд. Забони онҳо, яке аз забонҳои гуфтугуи Суғди қадим мебошад, ки дар асрҳои VII – VIII то ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна забони гуфтугуи ба ҳисоб мерафт. Ҳоло яғнобиҳо бо ду забон яғноби ва тоҷики гап мезананд.

Дар Тоҷикистон ба монанди дигар вилоятҳои куҳҳи ҷойгиршавии нобаробарии аҳоли ба назар мерасад. Зичи аҳоли дар водиҳо нисбат ба баландкуҳҳо зичтар ҷой гирифтаанд. Дар нишибиҳо ва баланд куҳҳо аҳоли камтар зиндаги менамоянд. Қисми асосии аҳоли дар шаҳрҳо, деҳаҳо ва маҳалаҳое ки аз сатҳи баҳр 1000 метр, баланд аст зиндаги мекунад. Қисми зиёди аҳоли Тоҷикистон дар миёнаи аз 1000 то 2000 метр, ва қисми камтар дар баландии на камтар аз ду ҳазор метр маскан гирифтаанд.

Қисми зиёди аҳоли Тоҷикистон мусулмон буда дар равияи сунни (ҳанафия) мебошанд. Қисмати ками онҳо дар равияи шиа (ВМКБ). Афзоиши баланди шумораи аҳоли ба назар мерасад. Шумораи аҳоли дар Тоҷикистон 9 миллион нафарро ташкил медиҳад.