Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






12 апрели соли 1961 - рӯзи аввалин парвози инсон ба кайҳон

12 апреля 2021 08:04

Количество просмотров: 554

60 сол аст, ки номи Юрий Алексеевич Гагарин, дар тамоми рӯи ҷахон ҳамчун якумин кайҳонавард шинохта гардид. Маҳз рӯзи 12 апрел соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» сайёраи Заминро аз рӯи мадор давр зад ва бо ҳамин давраи кайҳонавардии таърихи башарро боз намуд. Бо рушду таҳкими минбаъдаи фаъолияти кайҳон  башарият дарк намуд, ки санаи 12 апрел  чи гуна такони ҷиддие баҳри тараққиёти тамаддуни умумибашар гузошт.  Дар аввал ин рӯз ҳамчун оғози давраи кайҳоннавардӣ ба хамагон маълум аст, аммо  7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ), ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел, ҳамчун рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон гардид.

  Ҳамзамон, Ассамблеяи Генералии СММ эътимоди амиқи худро "ба манфиати муштараки инсоният ба мусоидат ба омӯхтан ва истифодаи фазои кайҳон, ки мероси тамоми инсоният аст, ба мақсадҳои сулҳомез, васеъ кардани миқёси ин фаъолият ва идома додани талошҳо барои таъмини он, ки ҳамаи давлатҳо метавонанд аз имтиёзҳои марбут ба ин бархурдор шаванд, эълон кард. Ин қатъномаи СММ  мақоми ҷаҳонии умумибашарии ин ҳодисаро эътироф менамояд, ки вобаста бо парвози аввалини инсон ба фазои коинот алоқаманд аст. Маҳз аз ин рӯйдоди таърихӣ омӯхтани фаъоли кайҳон оғоз ёфт, ки натиҷаҳои онро тамоми ҷомеаи ҷаҳон истифода мебаранд.

  Агар сухане дар бораи пайдоиши асри кайҳон биронем, хотиррасон кардан лозим аст, ки бисёр қувваҳо ва захираҳо ба омӯхтани фазои кайҳон, сар додани нахустин моҳвораи сунъии Замин, омодагӣ ва татбиқи аввалин парвози ба  кайҳон барои таърихи тамаддуни башарӣ равона гардиданд. Ҳалли бомуваффақияти ин  вазифаҳои минбаъдаи кайҳонӣ музаффарияти афкори эҷодкоронаи инсон, илм, технология, муҳандисӣ ва тамоми соҳаҳои марбут ба фаъолияти инсон мебошад. Аввалин кайҳонаварди Замин Юрий Гагарин ба кайҳон роҳ кушод, ки имрӯз барои бисёр парвозҳои кайҳонӣ саҳм гузоштааст ва  шуури  ҷаҳонбинии моро дар илм ва техника васеъ кардааст.

  Имрӯз, ки 60-умин солгарди ин рӯйдодро қайд менамоем, набояд аҳамияти он ва корнамоии Юрий Гагаринро фаромӯш кард. Ҳаёти моро дигар бе алоқаи мобилӣ, Интернет, телевизион ва радио, натиҷаҳои аз масофаи дур санҷидани Замин, воситаҳои ҷойгиршавӣ ва чизҳои дигар тасаввур кардан мумкин нест. Ҳамаи пешравию тариқӣ натиҷаи тадқиқоти бомуваффақияти кайҳон, рӯйи кор омадани шумораи зиёди кашфиёт, таҳияҳо, таҷрибаҳо, пешгӯиҳо ва ҳисобҳои назариявӣ мебошад.

 Қоҳирова Г.И., Раҳматуллоева Ф.Ҷ.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон