Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад

Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад Ташаккули ҳукумати электронӣ таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро осон мегардонад

20 января 2020 04:01

Количество просмотров: 29552

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони пешбар, сармутахассисони раёсатҳо, мудирони шуъба, бахшҳои умумии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 20 то 25 январ баргузор мегардад, ифтитоҳ гардид.

Тавре аз Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар расми ифтитоҳи курс муовини ректор оид ба таълим Ҷумъахон Файзализода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Зулфия Аҳмадзода, декани факултети такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Саодат Иброҳимова, инчунин намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қумринисо Азизова сухан гуфтанд.

Муовини ректор оид ба таълим Ҷумъахон Файзализода иброз дошт, ки дар ҷумҳурӣ 30 декабри соли 2011 қарори Ҳукумат «Дар бораи консепсияи ташаккули «Ҳукумати электронӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки таҳияи барномаҳои электронӣ вобаста ба рушди ҳамаи соҳаҳоро дар бар мегирад. Ташкил кардани ҳукумати электронӣ вазифаҳоро барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобила дар дохили мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идора дар асоси ҳуҷҷатгузории бе коғаз, инчунин таъмини татбиқи вазифаҳои идораи давлатиро дар заминаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ осон мегардонад.

Зикр шуд, ки татбиқи ҳукумати электронӣ як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобилаи байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияҳои иттилоотӣ ҳарчи бештар истифода мешавад.

IMG_0448.jpg   IMG_0425.jpg

Мақсад аз гузаронидани курси мазкур истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» барои васеътар ҷорӣ намудани қонунгузорӣ ва ба сатҳи сифатан баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Зимни ифтитоҳи курси мазкур оид ба таваҷҷуҳи имрӯзаи давлату Ҳукумат ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дастгирии мутахассисони соҳа ва ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ ёдрас шуданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки курсҳои такмили ихтисос воситаи хуб буда, дар натиҷаи он хизматчиёни давлатӣ дониши худро такмил дода, дар фаъолияти минбаъда аз таҷрибаи ҳамдигар истифода мебаранд.

ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/ 9.png