Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ ''ЛИТСЕЙ-ИНТЕРНАТИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ КӮДАКОНИ БОЛАЁҚАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ҒАЙРАТЗОДА ЛАЙЛО ДИЛОВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

16 ноября 2023 09:11

Количество просмотров: 234

Ҳамватанони азиз!
Дар таърихи давлату давлатдорӣ ва шоҳсолорӣ кам касоне мисли Президент Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд.
Ин абармарди миллат, забардасти миллат, тоҷдори миллат ва Пешвои миллат тавонист бо неруи созанда, ақли солим, далерию ҷасурӣ, матонату кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.
Аз рӯзҳои аввали ба роҳбарӣ омадан соҳаи маорифро соҳаи калидӣ ҳисобида, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии миллат камари ҳиммат бастанд.
Мо ифтихормандем, ки сарпарасти МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва бо дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат дар муассиса тамоми шароитҳо баҳри донишандӯзии хонандагон муҳайё гардонида шудааст.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба ҷашнҳои муқаддасу фархунда 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегарданд, табрику таҳният менамоям. Воқеан ҳам, барои мардуми соҳибфарҳангу куҳансолори тоҷик ҷашн гирифтани чунин рӯзҳои муборак ва барои ояндаи миллату давлат тақдирсоз боиси ифтихору сарбаландист.
Халқро осуда кардӣ, зинда бош!
Хушзамиру некмардӣ, зинда бош!