Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Супоридани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба омӯзгори фанни Технологияи иттилоотии литсей Давлатов Амрулло

25 августа 2022 12:08

Количество просмотров: 3101

Имрӯз, дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Муассисаи давлатии таълимии ,,Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон'' Давлатов Амрулло аз тарафи Пешвои муаззами миллат ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 сарфароз гардонида шуд.
Ба ин муностбат роҳбарият, маъмурият ва кулли кормандону хонандагони литсей ба Шумо дар корҳои минбаъдаатон барору муваффақият хоҳонанд. Ҷоиза муборак бошад!
Бояд ёддовар гардид, ки соли сипаригашта ҳам омӯзгори фанни химияи литсей-интернати президентӣ Собиров Ҳушанг сазовори чунин ҷоиза гардида буд ва умед бар он мебандем, ки боз дигарҳо ҳам ба ин дастовард ноил мегарданд.