Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ПАГОҲ ДАР ТАМОМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА АНҶОМ ЁФТА, ДАРСҲО ОҒОЗ МЕШАВАНД

19 января 2023 06:01

Количество просмотров: 2415

Пагоҳ дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон (муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистона ба анҷом расида, дарс оғоз мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2023 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили даҳрӯзаи зимистона оғоз гардид, аммо бинобар сард шудани ҳаво таътили зимистона то 20 январ тамдид гардид.
Зикр шуд, ки соатҳои дарсии давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар шашмоҳаи  дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешаванд.