Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Нобиғаҳои наврас: 4 нафар хонандагони пойтахт ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ ва ифтихори Тоҷикистон гаштанд

Нобиғаҳои наврас: 4 нафар хонандагони пойтахт ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ ва ифтихори Тоҷикистон гаштанд Нобиғаҳои наврас: 4 нафар хонандагони пойтахт ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ ва ифтихори Тоҷикистон гаштанд

13 января 2024 04:01

Количество просмотров: 285

Имрӯз, 13 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бистумин Олимпиадаи ҷашнии Жаутиков (IZhO-2024) ҷамъбаст ва ғолибони аввалин олимпиадаи байналмиллалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки аз байни 600 нафар иштирокчӣ аз 16 кишвар дар  қатори дигар ғолибон номи 10 нафар хонандагони тоҷик, ки аз инҳо 4 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт мебошанд, низ садо дода, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешсаф дар илмҳои дақиқ муаррифӣ гашт.

Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи мазкур 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор карда шуда, дар давоми чанд соле, ки хонадагони тоҷик дар он ширкат меварзанд, ғалабаи 10 нафар натиҷаи беназир аст.

Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи кишварро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.