Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






МО БА ТАЪТИЛ МЕРАВЕМ! Аз пагоҳ синфҳои як ба таътил баромада, дарс дар синфҳои 2-11 якуми июн анҷом меёбад

24 мая 2022 03:05

Количество просмотров: 10723

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дарсҳо барои синфҳои як 25 май ва барои синфҳои 2-11 якуми июн ба охир мерасанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.

Ҳамчунин бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷамъоварии маблағ, зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ба сайру гашт ва ё тарабхона рафтани хонандагон тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.04.2017 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.05.2017 дар ҳама намуди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таҷлил намудани чорабинии «Занги камолот» манъ карда шудааст.

Ҳамзамон бо ирсоли мактуб ба унвони сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо ба масъулин дастур дода шудааст, ки ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти дастури мазкур бо омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони синфҳои 9-11 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати маориф ва илм гузориш пешниҳод намоянд.

https://khovar.tj/2022/05/mo-ba-tatil-meravem-az-pago-sinf-oi-yak-ba-tatil-baromada-dars-dar-sinf-oi...