Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ  ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

15 апреля 2022 08:04

Количество просмотров: 2851

Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино санаи 15 апрели соли ҷорӣ дар толори Муассисаи таълимии хусусии “ХОРИЗОН” маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” баргузор гардид.
        Дар маросими мазкур Рамазонов Эраҷ – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино ва масъулини сохторҳои маорифи ноҳия иштирок намуданд.
         Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 2-3 апрели соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино” даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”  дар Муассисаи таълимии хусусии “Мактаби  муосири байналмилалӣ”, гузаронида шуд.
         Дар маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ба ғолибон ва волидайни онҳо ҷиҳати тарбияи дурусти хонанда ба донишандӯзӣ, иштирокчиёни фаъоли даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, ва омӯзгорони онҳо сипосномаву ифтихорномаҳо ва мукофотпулӣ тақдим гардид.
FB_IMG_1650032843177.jpg