Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Идомаи конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва оғози форуми ихтироъкорони наврасону ҷавонон

25 мая 2022 03:05

Количество просмотров: 8407

Санаи 25 майи соли 2022 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” дар бинои Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин бора аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.
Дар рафти Конференсия хонандагон аз рӯи бахшҳои “Математика ва иқтисодиёт”, “Физика ва Астрономия”, “Химия”, “Биология ва тиб” бо корҳои илмӣ-тадқиқотии худ ширкат варзиданд.
Инчунин, маврид ба зикр аст, ки дар бинои Муассисаи давлатии "Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" Форуми ихтироъкорони наврасону ҷавонони пойтахт оид ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба кори худ оғоз кард.
Бояд тазаккур дод, ки дар Форуми мазкур 85 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуда, 65 нафар дар бахши барномасозӣ ва таҳияи сомона ва 20 нафари дигар бошад, дар бахши ихтироъкорӣ корҳои эҷодии худро дар давоми ду рӯз муаррифӣ менамоянд.
Ғолибон дар маросими ҷоизасупории "Ҳафтаи илм, технологияи, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе" бо тӯҳфаҳои омода намудаи Кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.