Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






ИҚДОМИ ШОИСТА:

6 апреля 2022 02:04

Количество просмотров: 9329

Ба ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”- 10 ҳазор сомонӣ, “Омӯзгори сол-2021”-10 ҳазор сомонӣ ва “Хонандаи сол-2021”- 6 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳои Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегардад.
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ АЗ 05.04.2022, №144
Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1. Протоколҳои ҷамъбастии ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмунҳои “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021”, ки ғолибони озмунҳоро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
2. Ҳисобномаи ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021” тибқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи ҳисобномаи замимаи 4 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешбинишуда, 27740 сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рўзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ