Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз барандаи Шоҳҷоиза ва ғолибони номинаҳо эълон мегарданд

17 декабря 2022 08:12

Количество просмотров: 6530

Имрӯз  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он аз миёни 442 нафар иштирокчиёни даври ниҳоӣ беҳтаринҳо интихоб гардида, қадрдонӣ мешаванд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо эълон гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Озмун аз рӯйи 5 номина – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифта, тибқи ҷадвали тасдиқшуда иштирокдорон вобаста ба гурӯҳҳо – 5-7 декабр хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 1-4), 8-10 декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), 11-12 декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 13-15 декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун байни ҳам рақобат намуданд.

Дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 1-11), 83 нафар донишҷӯён (магистрантон, аспирантон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.

Тибқи низомномаи озмун, барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне рақобат карда метавонанд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинаҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд.

Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз панҷ номина — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср беш аз 70 фоизи осори назмию насрии тавсияшударо мутолиа ва ҳифз намудааст.

Ёдовар мешавем, Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 тасдиқ шудааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон мебошанд.

https://khovar.tj/2022/12/fur-i-sub-i-dono-kitob-ast-imr-z-barandai-sho-oiza-va-oliboni-nomina-o-elo...