Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Даври сеюми (минтақавии) Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии хонандагони синфҳои 5-6 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

4 февраля 2023 10:02

Количество просмотров: 6382

Санаи 04 феврали соли 2023 Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2023, №78 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» даври сеюми (минтақавии) Олимпиадаи фаннӣ барои наврасон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарии хонандагони синфҳои 5-6 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
   Дар Олимпиадаи мазкур 682 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки аз шумораи умумии иштирокчиёни Олимпиадаи мазкур 314  нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ ва 368 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ширкат меварзанд.
   Рӯзҳои 28-29 январи соли 2023 дар муассисаҳои давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор ва «Литсей-интернати кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (аз фанни технологияи иттилоотӣ) даври сеюми (минтақавии) Олимпиадаи фаннии хонандагони синфи 11 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо фарогирии 938 нафар хонанда баргузор гардид.
  Олимпиадаи хонандагони синфи 11 шаффоф ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳо 174 ҷойи итфихорӣ (26 ҷойи якум, 58 ҷойи дуюм 90 ҷойи сеюм) муайян шуд.баргузор мегардад

.