Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дастоварди "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

30 декабря 2022 11:12

Количество просмотров: 2687

Санаи 29.11.2022 дар толори МДТ "Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони 14-умин Олимпиадаи байналмилалии “Дониш дар Анталия”, озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ва ғолибони даври дуюм, яъне ноҳиявии олимпидаи хонандагони худи литсей, баргузор гардид.
Директори литсей Ғайратзода Лайло Диловар
аз номи ҷомеаи меҳнатии литсей пеш аз ҳама ба сарпарасти литсей Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шароити арзанда баҳри илмомӯзии хонандагон муҳайё намуданашон миннатдорӣ намуда ба гулҳои сари сабади литсей-ғолибони озмунҳо, омӯзгорону волидон барои заҳматҳояшон самимона изҳори СИПОС баён намуданд. Аз ҳамаи омӯзгорону хонандагон боз даъват ба амал оварданд, ки боз ҳам заҳмат кашида дар даврҳои минбаъдаи олипиада сазовори ҷойҳои намоён гарданд. Баъдан ба ғолибон диплому медалҳо супорида шуд.