Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дар Тоҷикистон қабули хонандагон ба синфи якум аз 1 июл оғоз мегардад

14 июня 2022 02:06

Количество просмотров: 8191

Аз 1 июли соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2022-2023 оғоз мегардад, иттилоъ додан аз Раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Тибқи Низомномаи намунавӣ Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешаванд.

«Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баъд аз номнавис гардидани хонандагон аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра ба хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад»