Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Дар Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид

18 марта 2023 09:03

Количество просмотров: 1584

Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон " ҷашни куҳану ҳамешаҷавони Наврӯз бо иштироки васеи кормандону меҳмонон ва хонандагони  муассиса  таҷлил карда шуд. 

Кормандони муассиса ҷамъомади фарҳангии наврӯзиро  тибқи расму оини миллӣ гузарониданд. Дастархони оростаи иштирокчиён, ки бо риояи суннатҳои наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат ёфта буд, ба базмгоҳ шукуҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни ҳамоиш аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуда буд, дидан карданд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки бо кӯшишу талоши Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷонибдорӣ  аз  ҷониби давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна 23 феврали соли 2010  қатъномаи Маҷмаи Умумии  СММ қабул  гардид. Тибқи он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз  ба унвони ҷашни байналмилалӣ  эътироф  гардид.

Наврӯз ифодагари фарҳанг, таърих ва  ҷаҳонбинии мардумони  ориёинажод  буда, бо тамоми  хусусият ва  рамзҳои мондагори худ дар  тӯли  ҳазорсолаҳо  тарзи  зиндагии созандаи мардуми тоҷик ва тамаддунсоз будани  онро  дар  умқи таърих  нишон  медиҳад.

Наврӯз  фарорасии соли  нав, рамзи оғози  корҳои нав, эҳёи  табиат аст,  ки  дарбаргирандаи ахлоқи  ҳамида   ва  танзимкунандаи фаъолияти минбаъдаи  инсон  мебошад. Дар ин айём табиат аз нав  зинда  мегардад, баъд  аз  торикиҳо  рӯшноӣ меояд ё ин ки  баъд  аз  сардиҳои  сахти  зимистон гармии фараҳбахши баҳорон  шуруъ  мешавад.

Дар анҷоми ҳамоиш дар саҳни муассиса рақсу таронаҳои тараннумкунандаи фасли баҳору Наврӯз  ба маъракаи наврӯзӣ  шукуҳи хосса бахшид.