Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






БО ИШТИРОКИ 7892 НАФАР ХОНАНДАГОН ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СИНО         

1 ноября 2022 08:11

Количество просмотров: 2432

Шуруъ аз 1 ноябри соли 2022 бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон ва муайян намудани хонандагони болаёқат, даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино оғоз гардид. Олимпиада аз санаи 1 то 5 ноябри соли 2022 баргузор гардида, шумораи умумии иштирокчиён дар Олимпиадаи мазкур  7892 нафарро ташкил медиҳад. Хонандагон аз синфи 5 то синфи 11 аз рӯйи 13 фанни таълимӣ қувваи зеҳнии худро месанҷанд. Даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиада аз фанни “Технологияи иттилоотӣ” барои (синфҳои 5-6, 7-8, 9, 10, 11) дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” баргузор шуда истодааст.