Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд

1 октября 2022 11:10

Количество просмотров: 1999

 Бахшида ба Рӯзи омӯзгор тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҳавасмандгардонии мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» 111 нафар мураббиёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии пойтахт бо мукофоти пулӣ- ба ҳар нафар 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иброз дошт, ин нафарон бахшида ба Рӯзи омӯзгор  ва бо мақсади дастгирию ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва омӯзгорону мураббиёне, ки дастпарваронашон дар озмунҳои шаҳрӣ ғолиб гардидаанд, инчунин тарғиби таҷрибаи босамари омӯзгорӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа қадрдонӣ карда шуданд.

Мавсуф зикр кард, ки ин маблағ аз ҷумла ба 100 нафар омӯзгоре, ки на кам аз се хонандаашон дар олимпидаҳо ҷо гирифтаанд ва 4 нафар мураббӣ, ки тарбиягирандагонаш ғолиби озмуни шаҳрии «Доноякон»  шудаанд, инчунин 7 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ғолиби озмуни шаҳрии «Ватанпарвар» ва барои саҳмгузорӣ дар озмунии шаҳрии «Килки сабз» сохиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, супорида шуд, ки  дар маҷмӯъ 333 ҳазор сомониро ташкил медод.

Манбаъ аз сомонаи расмии /АМИТ «Ховар»/: https://khovar.tj/2022/10/bo-dastgirii-raisi-sha-ri-dushanbe-murabbiyonu-om-zgoroni-muassisa-oi-tali...