21 мая 2022 08:05
Количество просмотров: 3993
Санаи 21.05.2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон”даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 9-10 баргузор гардид. Дар он Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулзода Зиёдулло Назар Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, директори МДТ “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ғайратзода Лайло Диловар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорону волидон ва хонандагон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок намуданд.
Нахуст Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло Муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии раванди таълим дар шароити имрӯза дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавону эҷодкор ва ботафаккур мебошад. Ва қайд намуданд, имруз дар аксари муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар тамоми шароити таҳсил бо дастгириҳои бевоситаи ҳукумати кишвар муҳаё карда шудаанд. Хонандагон бояд из ин шароитҳо самаранок истифода бурда ва дар оянда ҳамчун насли ояндасоз ба воя расанд. Дар охир Ҷӯразода Ҷ. Ҳ. ба ҳамаи хонандагон ҷиҳати иштирок дар ин олимпиада барору комёби орзӯ намуданд.
Сипас, вобаста ба суолҳои иштирокчиён намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хонандагонро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос намуданд. Баъди маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, давоми рӯз донишу маҳорати худро нишон доданд.