Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






Қадрдонии омӯзгорони Литсейи Президентӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8 сентября 2022 08:09

Количество просмотров: 2525

Санаи 08.09.2022 дар толори маҷлисгоҳи Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсонашон дар соҳаи илму маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ доштанашон бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар ин маросим роҳбарияти литсей омӯзгори фанни “Технологияи иттилоотӣ” Давлатов Амрулло ки аз ҷониби Пешвои миллат ба ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 сарфароз гардида буд, бори дигар табрик намуданд. Сипас ба ҳамаи ин омӯзгоронро ҷомеаи меҳнатӣ табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон бурдборӣ орзу намуданд.