Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






1065 медали хонандагони пойтахт дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ

31 мая 2022 04:05

Количество просмотров: 10655

Соҳаи илму маориф аз соҳаҳои калидии ҳаёти ҷомеа ва омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, инкишофи соҳаи маориф ҳадафи стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ин мавзӯъ пайваста дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид доштанд, ки “Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд. Инчунин, пешниҳод менамоям, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.”
Дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори комёбиҳои беш аз беш гашта истоданд. Боиси хушнудист, ки бори аввал дар ҳаракати олимпӣ дастаи хонандагони шаҳри Душанбе дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли хониши 2021-2022 соҳиби 1065 медал гардид, ки ин дастовард дар соҳаи маорифи пойтахт бесобиқа мебошад. Аз ин шумора 218 нафар ҷойи 1, 326 нафар ҷойи 2 ва 521 нафар сазовори ҷойи 3 гардиданд. Боиси тазаккур аст, ки аз ҳисоби умумии 1065 ҷойҳои ифтихорӣ 672 нафарашон муҳассилини муассисаҳои таълимии буҷетии шаҳри Душанбе мебошанд.
Бешубҳа дастоварди мазкур гувоҳи он аст, ки кор дар самти омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои зеҳнӣ, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёстаи маорифи шаҳри Душанбе” ба роҳ монда шудааст, самарабахш ва манфиатовар мебошад. Зеро аксар ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати омодашавӣ дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёстаи маорифи шаҳри Душанбе ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта шудаанд