Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику таҳният мегӯям. Сидқан орзумандам, ки баҳор ва ҷашни фархундаи Наврӯз имсолу солҳои дигар ба кишвари биҳиштосои мо шодиву нишот, кушоишу дастовардҳои нав ва баракату фаровонӣ оварад. Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инс...
Аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешав...
Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории дар Олимпиада бадастоварда аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияи шаҳри Душанбе” ҷойи якум дастаи олимпии ноҳияи Сино бо ба даст овардани 408 ҷойи ифтихорӣ, ҷойи дуюм дастаи олимпии ноҳияи Шоҳмансур бо ба даст овардани 174 ҷойи ифтихорӣ ва ҷойи сеюм дастаҳои олимпии ноҳияи Фирдавсӣ бо 162 ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ба даст овардани 157 ҷойи ифтихорӣ дониста шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гардиданд.
Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе санаи 12 марти соли ҷорӣ дар МТД “Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупории ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе...
Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” Олимпиадаи II даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими маҳнат) оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи кори Олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин қайд намуд: “Баргузор намудани Олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни технология (таълими меҳнат), ки таҷр...
Модарону бонувони гиромӣ! Хоҳарони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям. Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст. Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма ме...
Муҳтарам бонувони азиз, ҳамкасбон гиромӣ! Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедоршавии табиат – ҷашни фархундаи “Рӯзи модар” фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони гиромиқадро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, некии комил, меҳру муҳаббат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, а...
Корҳои эҷодии хонандагони литсей бахшида ба Рӯзи модарон. Давоми корҳои эҷодии хонандагон
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ аз “25” феврали соли 2022, № “86” Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” Бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ҚАРОР МЕКУН...
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ аз “25” феврали соли 2022, № “85” Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омўзиши амиқ...
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ба муассисаи давлатии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Хонандагони литсей меҳмонони олимақомро гарму самими истиқбол гирифтанд. Зимни ташриф Валентина Матвиенко аз рафти таълиму тарбия шинос шуда ва аз муаллимон...
Сарбозону афсарони шуҷои Ватан, омӯзгорону хонандагони гиромӣ ва кулли мардуми Тоҷикистони азиз! Бо камоли эҳтиром Шумо родмардони Ватан, омӯзгорону хонандагон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ ва хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Аз таъсисёбии Артиши миллӣ ҳамагӣ 29 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, роҳеро тай намудааст, ки он бо арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қиммати ҷандин даҳсоларо дорад. ...
Хонандагони болаёқати Литсей-интернати Президентӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои эҷоди намуданд. ------------------------------------------------- -------------------------------------------------------------------- ------------------------------------------------------------ ------------------------------------------------------- --------------------------------------------------- Д...
Рӯзи дуюм аст, ки бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ҷараён дорад, иттилоъ доданд аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе. Олимпиадаи мазкур бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ...
Ҷонишини директор оид ба тарбия Пирова Тахмина Мустафоевна барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Ба ин муносибат ҷомеаи меҳнатии Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморо бори дигар табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон бурдборӣ хоҳонанд. Тани сиҳату хотири...
ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИДИ БА АНҶОМИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2021-2022, АТТЕСТАТСИЯИ АЗ СИНФ БА СИНФ ГУЗАРОНИДАН ВА ХАТМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3). 3. Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни м...
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо...
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон...
Вазорати маориф ва илми ҶТ барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2022 озмун эълон намуд. Роҳбарони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номзадҳоро ҷиҳати иштирок дар озмун бояд то 18 марти соли равон ба вазорат пешниҳод намоянд. Тартиби мукофотонидани Ҷоиза бо қарори Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 тасдиқ шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки барои дарёфти Ҷоиз...