Цветовая схема:
C C C C
Шрифт
Arial Times New Roman
Размер шрифта
A A A
Кернинг
1 2 3
Изображения:
МЕНЮ  

НУ И ПОГОДА

 

  Хусусиятҳои забони барномасозӣ барои таълим

6964130a6e5a2ce8c5a7fab6251afd2e_L.jpg

2021-2040.jpg






28 февраля 2022 04:02

Количество просмотров: 9472

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

аз “25” феврали соли 2022, № “86”
Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” Бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар соли 2022 ташкил ва баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва харҷномаи озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” маблағи 175120 сомониро бо назардошти ҳисоби андозҳо ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ